Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон узвияти Шветсияро ба Созмони Аҳдномаи Аталантикаи Шимолӣ (НАТО) бо қабули Туркия ба Иттиҳоди Аврупо (ИА) марбут донист. Тавре ки Радиои Озодӣ менависад, изҳорот пеш аз нишасти Созмон, ки рӯзҳои 11-12 июл дар Вилнюс доир мегардад, садо дод.

Шветсия моҳи майи соли 2022 барои пайвастан ба НАТО дархост пешниҳод намуда, аз мақоми узвият надоштан дар созмонҳо, ки тӯли сад сол давом кард, даст кашид. Дархостро бояд ҳамаи 31 узви НАТО маъқул шуморанд. Ҳоло ин корро танҳо Туркия ва Маҷористон (Венгрия) накардаанд.

Туркия аз Шветсия истирдоди мухолифин ва аъзои ҷунбиши курдҳои дар ин кишвар пинҳоншуда, ки Анқара онҳоро террорист эълон кардааст, тақозо намуд. Илова бар ин, мақомоти Туркия талаб карданд, ки манъи интиқоли силоҳ ба ин кишвар аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ бекор карда шавад.

Эрдуғон қабл аз сафар ба нишасти Вилнюс гуфт, Анқара аз талабҳояш даст намекашад. Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ, пеш аз маъқул шуморидани дархости Шветсия дар парлумони Туркия, Иттиҳоди Аврупо бояд роҳро барои узвияти Туркия боз кунад.

Туркия аз соли 1999 номзад ба узвияти ИА мебошад. Музокироти шомил шудан аз соли 1987 идома дорад. Аз соли 2016 ин раванд воқеан боздошта шудааст.

Дар Аврупо Туркияро барои нақзи ҳуқуқи инсон, мавҷуд набудани волоияти ҳуқуқ ва иқтисоди заиф танқид мекунанд. Соли 2018 Комиссари Аврупо оид ба тавсеаи Иттиҳоди Аврупо Йоханнес Хан изҳор дошт, ки узвияти Туркия дар ин иттиҳодия барои ояндаи наздик ғайривоқеист.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.