Намояндаҳои гурӯҳи Толибон*, ки қудратро дар Афғонистон дар даст доранд, дар посух ба дархости дигарбораи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои бозгардонидани пойгоҳи низомии ҳавоии “Багром” гуфтаанд, ки ҳатто бар сари “як ваҷаб” аз хоки Афғонистон бо касе созиш намекунанд.
Фасеҳуддин Фитрат, раиси ситоди кулли артиши Толибон рӯзи 21-уми сентябр бидуни ном бурдан аз Трамп ба расонаҳои ин кишвар гуфтааст, ахиран баъзеҳо гуфтаанд, барои бозпас гирифтани пойгоҳи ҳавоии “Багром” вориди музокира шудаанд, аммо чунин созише “имкон надорад”.
Раисҷумҳури Амрико дар як ҳафтаи охир чанд бор хостори бозпас гирифтани пойгоҳи низомии ҳавоии “Багром” шуд. Ӯ дар охирин изҳороти худ рӯзи 21-уми сентябр гуфт, “агар Афғонистон пойгоҳи низомии ҳавоии “Багром”-ро ба касоне, ки онро сохтаанд, яъне Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бознагардонад, иттифоқҳои баде рух хоҳад дод”.
Ба гузориши расонаҳои амрикоӣ, Трамп, ҳамчунин, гуфтааст, ки Амрико бо Толибон барои бозпас гирифтани пойгоҳи “Багром” дар ҳоли музокира аст. Ӯ афзудааст, ки “мо мехоҳем ҳар чӣ зудтар онро пас гирем” ва бидуни ном бурдан аз Толибон таҳдид кардааст, ки агар онҳо пойгоҳро барнагардонанд, “хоҳед дид, ки ман чӣ хоҳам кард”.
Дар посух ба ин раиси ситоди кулли артиши Толибон рӯзи якшанбе гуфтааст, онҳо аз “ҳеҷ қулдур ва зӯргӯе” наметарсанд ва инро дар 20 соли гузашта дар ҷанг бо Амрико ва муттаҳидонаш собит сохтаанд.

Ҳамчунин, Ҳамдуллоҳ Фитрат, муовини сухангӯи Толибон дар ҷавоб ба изҳороти охири Трамп гуфтааст, истиқлол ва тамомияти арзии Афғонистон аз ҳар чизи дигаре аҳамияти бештар барои ин гурӯҳ дорад. Ӯ афзудааст, ки бар асоси созишномаи Давҳа Амрико аҳд бастааст, ки аз зӯр ва таҳдид алайҳи истиқлол ва тамомияти арзии Афғонистон истифода намекунад ва дар масъалаҳои дохилии ин кишвар дахолат нахоҳад кард.
Фитрат аз Амрико хостааст, ки ба аҳди худ пойбанд бимонад ва “ба ҷои таҷрибаҳои нокоми гузашта” воқеъбинӣ ва боақлиро ихтиёр кунад. Ӯ афзудааст, ки Толибон хоҳони “муносибати мусбат бар асоси манфиатҳои дуҷониба ва муштарак бо тамоми кишварҳо” ҳастанд.
Трамп қаблан рӯзи 18-уми сентябр дар як нишасти хабарӣ дар Лондон пас аз вохӯрӣ бо Кир Стармер, нахуствазири Бритониё, гуфт, “Амрико дар талош аст то пойгоҳи ҳавоии “Багром” дар Афғонистонро бигирад”.
Ӯ дар ин нишаст изҳор дошт, ки "Толибон" ба кумаки Амрико муҳтоҷанд ва ин пойгоҳ барои Иёлоти Муттаҳида аҳамияти роҳбурдӣ дорад, зеро “он дар фосилаи як соат то маконе ҷойгир аст, ки он ҷо Чин силоҳҳои ҳастаӣ истеҳсол мекунад”.

Мақомоти "Толибон" ба ин суханҳои раисҷумҳури Амрико зуд вокуниш нишон дода, иддаои бозпас гирифтани пойгоҳро ғайримантиқӣ хонда буданд. Зокир Ҷалол, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон, гуфт, Кобул барои чунин як муомила омода нест ва ҳеҷ гуна ҳузури низомии Амрикоро дар Афғонистон намепазирад.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи "Толибон", ин хости Трампро “хобу хаёл” номида, таъкид кардааст, ки “пойгоҳи Багром дар ихтиёри нерӯҳои Аморати Исломӣ аст ва Афғонистон як кишвари мустақил мебошад”.
Пойгоҳи ҳавоии Багром, ки дар солҳои 1950-ум аз ҷониби Шӯравӣ сохта шуда буд, пас аз соли 2001 ба муҳимтарин пойгоҳи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон табдил ёфт. Аммо Толибон пас аз суқути Афғонистон дар соли 2021 онро ба даст гирифтанд. Нерӯҳои амрикоӣ ин пойгоҳро дар тобистони соли 2021, чанд ҳафта пеш аз хуруҷи пурраи худ, тарк карданд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.




Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста