Гурӯҳҳои фаластинӣ дар як нишаст дар Қоҳира, пойтахти Миср, дар бораи як силсила тадобири марбут ба оташбас ва ҳамчунин маъмурияти ояндаи Ғазза ба мувофиқа расиданд.

Гурӯҳҳои фаластинӣ дар нишасте дар Қоҳира-пойтахти Миср дар бораи маҷмӯи тадбирҳои сиёсӣ ва маъмурии марбут ба ояндаи навори Ғазза ба мувофиқа расиданд. Муқаррароти аслии ин созиш таъсиси кумитаи муваққати фаластинии афроди мустақил барои идораи Ғазза ва дархости эъзоми нирӯҳои СММ барои назорати оташбасро дар бар мегирад.

Ин гурӯҳҳо дар баёнияи худ хостори интиқоли маъмурияти навор ба дасти сокинони Ғазза шудаанд ва онро "Кумитаи муваққатии мустақилон" номидаанд.

Ин нишаст бо даъвати Абдулфаттоҳ Сисӣ, раисҷумҳури Миср баргузор шуд ва гуфта мешавад, ки идомаи талошҳои миёнҷиёни оташбас, аз ҷумла Миср, Қатар ва Туркия аст.

Шабакаи хабарии мислии "Қоҳира" гузориш дод, ки ҳайати Ҳамос ба раҳбарии Халил ал-Ҳайё бо ҳайати Фатҳ ба раҳбарии Ҳусейн Шайх, муовин ва вориси Маҳмуди Аббос ва Маҷид Фараҷ, раиси дастгоҳи амниятии худгардони Фаластин мулоқот кард.

Дар баёнияи муштарак ширкаткунандагон аз иҷрои идомаи тадобири созиши оташбас, хурӯҷи нерӯҳои исроилӣ аз навори Ғазза, рафъи комили муҳосираи навор, ифтитоҳи ҳама гузаргоҳҳо, бахусус гузаргоҳи Рафаҳ, вуруди кумакҳои башардӯстона ва пизишкӣ ва оғози раванди бозсозӣ пуштибонӣ карданд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки "кумитаи муваққатӣ" аз "технократҳои мустақил" аз навори Ғазза иборат хоҳад буд.

Ин гурӯҳ бояд бар асоси "шаффофият ва масъулият" "дар ҳамкорӣ бо бархе аз кишварҳои арабӣ ва ниҳодҳои байнулмилалӣ умури шаҳрвандӣ ва хидматрасониро идора кунад".

 

Акс аз сомонаи alqaheranews

Дар ин баёния ҳамчунин ба таъсиси кумитаи байналмиллалии назорат аз болои маблағгузорӣ ва бозсозӣ таъкид шудааст.

Иштироккунандагони ҷаласа инчунин даъват карданд, ки маҷлиси фаврии ҳамаи қувваҳои мусаллаҳи Фаластин барои созиш дар бораи стратегияи "ҳамаҷониба" барпо карда шавад.

Би-би-сӣ аз манобеъи дипломатии мисрӣ ва фаластинӣ дарёфтааст, ки ин гурӯҳҳо рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа бо як ҳайъати амниятии мисрӣ ба раҳбарии генерал Ҳасан Рашод, раиси Идораи истихбороти умумӣ дидору гуфтугӯҳои шадиде анҷом доданд, то ҷузъиёти марҳилаи баъдӣ пас аз истиқрори оташбасро баррасӣ кунанд.

Ба гуфтаи ин манобеъ, "Миср таъкид кардааст, ки ин масъаларо ба таъхир андохтан мумкин нест" ва талоши пайваста барои расидан ба тавофуқ миёни ҷиноҳҳо дар мавриди идораи муваққати навори Ғазза идома дорад.

Манобеъ афзудаанд, ки Ҳамос дар мулоқотҳои ахир "дараҷаи чандирӣ" нишон додааст ва бо вуҷуди таваққуфҳои идомаи Фатҳ, Ҳамос ва Маҳмуд Аббос, раиси худгардони Фаластин дар бораи шуморе аз номи пешниҳодшуда, тавофуқи ибтидоӣ дар бораи тақрибан 15 технократ барои бар ӯҳда гирифтани маъмурияти муваққати навори Ғазза вуҷуд дорад.

Манобеъ тавзеҳ додаанд, ки дар ин гуфтугӯҳо илова бар баррасии ояндаи Ҳамос ва табдили эҳтимолии он ба як ниҳоди сиёсии ғайринизомӣ, "пешрафти қобили мулоҳиза" дар баррасии ислоҳоти сиёсӣ ва сохторӣ дар ниҳодҳои худгардони Фаластин мушоҳида шудааст. Манобеъ ҳамчунин гузориш додаанд, ки намояндагони Ташкилоти худгардони Фаластин аз кумитаи пешниҳодшудаи идораи навори Ғазза дархост кардаанд, ки гузориши худро ба Муҳаммад Мустафо, нахуствазири Фаластин ироа кунад.

Ҳусам Бадрон, узви дафтари сиёсии Ҳамос дар мусоҳиба бо шабакаи нимарасмии хабарии Миср, гуфт, ки ин ҷунбиш азми иҷрои тамоми тааҳҳудоти худ дар чаҳорчӯби тавофуқи ахир бо Исроил аст, ки ишора ба созишномаи Шарм-уш-Шайх, ки ду ҳафта пеш бо ҳимояти Қоҳира имзо шуда буд, аст.

Бадрон мегӯяд, ки ҳадафи ин тавофуқ “дастёбӣ ба оташбас ва қатъи қатли мардуми Фаластин” аст ва таъкид кардааст, ки ҷунбиш саъй дорад, ки “вазъият ба шеваи қабл аз тавофуқ барнагардад”.

Вай таъкид кард, ки гуфтушунид дар Кохира ба "барҳам додани чудоии дохилии Фаластин ва муқаррар намудани оташбаси доимӣ" нигаронида шудааст.

Дар ин замина, Тариқ Фаҳмӣ, устоди улуми сиёсии Донишгоҳи Қоҳира, ба Би-би-сӣ гуфт, ки "талошҳои ҷиддӣ барои дастёбӣ ба тавофуқ бо тамоми ҷиноҳҳои фаластинӣ дар ин тавофуқ вуҷуд дорад" ва таъкид кард, ки Қоҳира "ба ҳама ҷонибҳо рӯшан мекунад, ки ин як кори фаврӣ аст ва наметавонад ба таъхир андохта шавад."

Мулоқоти Қоҳира дар ҳоле баргузор мешавад, ки фаъолияти шадиди дипломатӣ миёни Иёлоти Муттаҳида ва Исроил бар сари ояндаи ҷанг дар Ғазза ва созишҳои амниятии пас аз оташбас идома дорад.

Рӯзҳои охир ноиби президенти ИМА Ҷей Ди Вэнс, Стив Уиткоф ва Ҷаред Кушнер, намояндаи вижа ва мушовири Доналд Трамп ҳамроҳ бо котиби давлатии ИМА Марко Рубио аз Исроил дидан карданд, то таҳаввулоти саҳроӣ ва сиёсӣ ва механизмҳои татбиқи марҳилаи дуюми нақшаи оташбас, аз ҷумла хуруҷи тадриҷии нерӯҳои исроилӣ ва бозсозии гузаргоҳҳо таҳти назорати байнулмилалиро баррасӣ кунанд.

Рубио гуфт, силсилаи сафарҳои мақомоти баландпояи маъмурияти Трамп ба Исроил дар ин ҳафта "нишон медиҳад, ки талошҳои оташбас пас аз Исроил байни Ғазза ва Исроил барои президент Трамп авлавият доранд."

Қаблан Вэнс дар дидор бо Исҳоқ Ҳерзог, раисиҷумҳури Исроил дар Байтулмуқаддас гуфта буд, ки бар асоси тарҳи Доналд Трамп, пас аз хуруҷи комили артиши Исроил аз навори Ғазза барои назорат бар оташбаси доимӣ ва ҳифзи сулҳ як "нирӯи амниятии байналмилалӣ" ташкил хоҳад шуд.