Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон узви Халқ Маслаҳатӣ ё палатаи болоии порлумони кишвараш интихоб шуд. Дар ин бора Хадамои хабарҳои Осиёи Марказӣ бо такя ба як ҷаласаи девони вазирони ин кишвар дар рӯзи 29 март хабар медиҳад.
Бердимуҳаммадови 63-сола аз вилояти Ахали кишвараш дар палатаи болоии порлумон намояндагӣ мекунад. Ба ин тартиб, вай ҳамзамон ҳам узви ҳокимияти қонунгузор ва ҳам роҳбари ҳокимияти иҷроия шуд. Бердимуҳаммадов инчунин раиси ҳукумат, яъне сарвазири Туркманистон ба ҳисоб меравад.
Дар рӯйхати 111 даъвогари курсиҳои палатаи болоии порлумони он кишвар, ки рӯзи 1 март нашр шуд, номи Бердимуҳаммадов зикр наёфта буд. Аммо Комисияи марказии интихоботии он кишвар хабар дод, ки "барои узвият дар Халқ Маслиҳатӣ" 112 номзад сабти ном шуда буд. Зоҳиран, номи президенти Туркманистонро дар лаҳзаҳои охир шомил кардаанд.
Тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи он кишварро, ки моҳи сентябри соли гузашта ворид карданд, коршиносон талоши интиқоли қудрат унвон мекунанд. Сардор Бердимуҳаммадов, писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов айни ҳол ноиб-сарвазири ва раиси Палатаи олии назоратии Туркманистон, ҳамчунин узви Шӯрои амниятии он кишвар аст. Коршиносон аз ӯ ба унвони ҷойнишини падар ёд мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Евгений Онегин" и "Криминальное танго": как прошел второй день фестиваля "Парасту-2025"
Трамп пообещал платить нелегальным мигрантам, которые согласятся добровольно покинуть США
В Душанбе пропадают дети: Объясняем, что делать, если ваш ребенок не вернулся домой
«Душанбе Сити Банк» представил новое поколение цифровых решений на открытии IT Park
Таджикистан и Кыргызстан обсудили увеличение количества рейсов между странами
Как устроена жизнь в «Алифе»: ценности и возможности финтех-компании
В Таджикистане почти нет безработных. Официально…
В Душанбе заработал Telegram-бот «Мой участковый» для оперативной связи горожан с милицией
Трамп обвинил Зеленского в развязывании войны
Москва ожидает более 20 глав государств и правительств на Параде Победы 9 мая
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста