Киностудияи «Тоҷикфилм»  филмеро бо номи “Асрори хуфтаи водии Суғд” ба навор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, он дар бораи урфу одатҳои мардуми дараи Яғноб дар солҳои 70- уми асри гузашта ва ҳодисаҳои мудҳиши ҳаёти мардуми ин дара дар замони муҳоҷир карданашон қисса мекунад.

Гуфта мешавад, филми мазкур дар дараи Анзоби ноҳияи Айнӣ ба навор гирифта шуда, нақшҳои асосии филмро Таҳмина Раҷабова, Исо Абдурашидов, Амон Қодиров, Беҳрӯзҷони Саид ва Асалбек Назриев бозидаанд.