Дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ идома дорад. Рӯзи 28 март дар сабқат байни ҷавондухтарон дар масофаи 61 километр ҷои дуюму сеюмро варзишгарон аз Қазоқистон соҳиб шуда, намояндаи Ӯзбекистон ба дарёфти медали тилло шарафёб гардид.

Дар маросими ҷоизасупорӣ мудири кулли гурӯҳи расонаҳои “Азия Плюс” иштирок кард.


Умед Бобохонов ҳамчун роҳбари шарики иттилоотии мусобиқа ба намояндаи Қазоқистон медалу гулдаста супорид.

Рӯзи 25 март дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ оғоз гардид. Ин мусобиқа то 30 март давом мекунад. То имрӯз дар ин сабқатҳо аз ҳама бештар мақомҳои ифтихориро варзишгарон аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон ва Муғулистон ба даст оварданд.

Қобили зикр аст, ки сарпарастони чемпионат «Tcell», «Al Shafar Group», “IM Group”, осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ», “FIFTYFIVEGROUP” ва “Huawei”, сарпарастони техникӣ - “TezNet” ва “Asian Express”, шарикони расонаӣ - «Азия-Плюс» ва ТВ «Варзиш» мебошанд. Оби чемпионат - “Сиёма” аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.