“Мо дида истодаем, ки даста хуб бозӣ мекунад... Тоҷикистон ба бозии худ даст ёфт”, - гуфтааст дар мусоҳиба ба хабаргузории “Фергана” Муҳсин Муҳаммадиев, ноиби президенти тими “Истиқлол”-и Душанбе, собиқ бозигари “Помир”, “Спартак”-и Маскав ва мунтахаби Тоҷикистон пас аз ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтани футболбозони тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё.
Ба гуфтаи ӯ, пеш аз бозии минбаъда (2 феврал бо тими Урдун) барои футболбозони тоҷик муҳим аст, ки пас аз бозии вазнину мушкил худро барқарор кунанд.
“Ба ҳар ҳол футболбозон бо назардошти вақти иловагӣ 140 дақиқа бозӣ карданд, хеле қувва сарф карданд”, - иброз доштааст Муҳаммадиев.
Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки барои дастаи Тоҷикистон ин ғалабаи арзанда аст.
“Рӯҳияи футболбозон хуб ва қавӣ аст. Лаззати пирӯзиро чашиданд. Ва ғалабаи арзанда ҳам ҳаст. Мо шоҳиди он будем, ки мунтахаби Тоҷикистон нисбат ба ҳарифон бештар лаҳзаҳои хавфнок ба амал меовард. Аз ин рӯ, ин ҷо дар бораи ягон барор ё тасодуф сухан намеравад. Ҳамаи ин натиҷаи кори вазнин аст”, - гуфтааст Муҳаммадиев.
Ӯ ҳамчунин ба мухлисони дастаи Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамсоя изҳори миннатдорӣ кардааст.
“Самимиятро эҳсос мекунам. Аз чунин дастгирӣ хеле хурсандам. Ташаккури зиёд ба мухлисон аз Қирғизистону Қазоқистон ва Ӯзбекистон. Мо ҳам аз самими дил ба мунтахабҳои ин кишварҳо мухлисӣ мекунем. Ҳамин тавр ҳам бояд бошад”, - гуфтааст ӯ.
Ёдрас мекунем, ки дар даври 1/8 финалии мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон Амороти Муттаҳидаи Арабро шикаст дода, ба даври 1/4 финалӣ роҳ ёфт. Дар ин давр футболбозони тоҷик бо тими Урдун, ки бар дастаи Ироқ бо ҳисоби 3:2 дастболо шуд, бозӣ мекунанд. Ин бозӣ рӯзи 2 феврал баргузор мешавад.