Дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм дар мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба футзал мунтахаби Тоҷикистон дар Таиланд бо дастаи Ӯзбекистон бозӣ кард.
Ин бозӣ дар вақти асосӣ мусовӣ - 5:5 анҷом ёфта, дар силсилаи пеналти футбболбозони ӯзбек бо ҳисоби 3:1 дастболо шуданд. Ба ин тариқ, Ӯзбекистон зинаи сеюм ва Тоҷикистон зинаи 4-умро ишғол карданд.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби Ӯзбекистон бори сеюм пайдарҳам ба медалҳои Ҷоми Осиё оид ба футзал соҳиб шуда, мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар таърих ба дарёфти зинаи 4-ум шарафёб гардид.
Ёдрас мекунем, ки дар бозӣ барои роҳ ёфтан ба даври финалии мусобиқа низ футболбозони тоҷик аз соҳибони майдон - дастаи Таиланд дар силсилаи зарбаҳои пеналти мағлуб шуда буданд.
Дар бозии финалии Ҷоми Осиё оид ба футзал футболбозони Эрон соҳибони майдон - футзалистони Таиландро бо ҳисоби 4:1 шикаст дода, маротибаи 13-ум ба ин ҷоиза соҳиб гардиданд.
Тавре ки қаблан гуфта будем, бо касби зинаи 4-ум мунтахаби Тоҷикистон ба иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал, ки аз 14 сентябр то 6 октябр дар Ӯзбекистон доир мегардад, ҳуқуқ пайдо кард. Маросими қуръакашии ин мусобиқа рӯзи 26 май дар майдони Регистони Самарқанд баргузор мешавад.
Ҳамаи 24 дастаи иштирокчии Чемпионати ҷаҳон дар Самарқанд муайян шуданд: Ӯзбекистон, Зеландияи Нав, Қазоқистон, Фаронса, Испания, Португалия, Украина, Бразилия, Аргентина, Венесуэла, Парагвай, Коста-Рика, Панама, Гватемала, Куба, Хорватия, Нидерланд, Ангола, Либия, Марокко, Тоҷикистон, Эрон, Таиланд, Афғонистон.