Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) 10 варзишгари беҳтарини соли 2024-ро эълон кард.
Ба иттилои раиси АЖРВТ Нарзулло Латипов, бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳои сол намояндагони чор намуд – бокс, ҷудо, гуштини озод ва самбо дохил шуданд.
“Паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки дар Олимпиадаи Париж-2024 ва чемпионати имсолаи ҷаҳон дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб дар риштаи ҷудо дар вазни то 81 кило медали биринҷӣ гирифт, беҳтарин варзишгари соли 2024 дониста шуд”, - гуфт Нарзулло Латипов.
Ин варзишгарон ба 10-гонаи беҳтаринҳо дар соли 2024 шомил шуданд:
Сомон МАҲМАДБЕКОВ (ҷудо) - барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 ва чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб дар вазни то 81 кг;

Темур РАҲИМОВ (ҷудо) – барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар вазни +100 кг;

Давлат БОЛТАЕВ (бокс) - барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар вазни то 92 кг;

Абдулмаҷид КУДИЕВ (гуштини озод) - барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Тиранаи Албания дар вазни то 70 кг;
Акмал УБАЙДОВ (бокс) – барандаи медали тиллои чемпионати Осиё дар шаҳри Чиангмайи Тайланд дар вазни то 60 кг;

Виктор РАССАДИН (гуштини озод) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар вазни то 74 кг;

Парвиз КАРИМОВ (бокс) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар шаҳри Чиангмайи Тайланд дар вазни то 92 кг;

Эмомалӣ НУРАЛӢ (ҷудо) – барандаи медали тиллои “Tashkent Grand Slam 2024” дар вазни то 66 кг;

Муҳаммадсолеҳ ҚУВВАТОВ (ҷудо) – барандаи медали тиллои “Dushanbe Grand Slam 2024” дар вазни то 60 кг;

Сорбон ЛАТИФОВ (самбо) – барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар вазни то 64 кг.

АЖРВТ як созмони ҷамъиятӣ аст, ки дар он журналистони риштаи варзиш дар Тоҷикистон гирди ҳам омадаанд. Даҳ варзишгари беҳтарини солро ҳамасола журналистони риштаи варзиши кишвар интихоб мекунанд.
Ее имя увековечено в звездах. Как Светлана Герасименко открыла комету возрастом около 4,5 млрд лет
Белый дом анонсировал военный бюджет США на $1 триллион
Скончалась таджикский астроном Светлана Герасименко, открывшая комету 67P/Чурюмова–Герасименко
ДУМК Кыргызстана поддержал запрет на ношение «чуждых» никабов
Таджикистан и Кыргызстан признали водительские удостоверения друг друга
Глава ВОЗ считает неизбежной новую пандемию
Таджикский тенор Шохрух Юнусов: «Победа нуждается в подготовке»
Радио «Озоди»: В Согде суд оштрафовал юношу, пожаловавшегося на пытки со стороны милиционеров
В Душанбе открылся IT Park. Как стать его резидентом?
Таджикский боец примет участие в турнире Road to UFC
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста