Дар мусобиқаи ҷудои “Тоскулоҳи бузург” ё “Гранд Слам”-и Боку, ки аз 14-ум то 16-уми феврал дар Озарбойҷон баргузор гардид, Абубакр Шеров ва Ҷаҳонгир Маҷидов, ду варзишгари тоҷик медали биринҷӣ ба даст оварданд. Чаҳор паҳлавони дигари мо дар марҳилаҳои гуногун ба бохт рӯ ба рӯ шуда, аз медалҳо бенасиб монданд.
Паҳлавонон тоҷик рақобатҳои худро аз рӯзи дуюми мусобиқа оғоз карданд. Дар ин рӯз чор паҳлавони тоҷик Абубакр Шеров ва Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг, инчунин, Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 81 кг куштӣ гирифтанд.
Аз ин миён танҳо ба Абубакр Шеров имкон даст дод, ки медал ба даст биёрад. Ӯ пас аз шикасти се ҳарифи худ ба марҳилаи нимниҳоӣ расид, аммо дар ин марҳила аз Рашид Мамадалиеви озарбойҷонӣ шикаст хӯрд ва имкони баромадан ба финалроро аз даст дод. Ҳамин тавр, ӯ рақобатро барои медали биринҷӣ идома дод ва бо шикаст додани Георгий Чихелидзе аз Гурҷистон онро ба гардан овехт.

Дар рӯзи охирини мусобиқа ду намояндаи дигари Тоҷикистон Кароматулло Ҳакимов ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг барои ба даст овардани медал мубориза бурданд.
Ҷаҳонгир Маҷидов баъди пирӯзӣ дар баробари ду ҳарифи худ ба марҳилаи нимниҳоӣ роҳ ёфта, дар он бо Арай Дота аз Ҷопон куштӣ гирифт. Ин рақобат то вақти иловагӣ тӯл кашид ва баъди як имтиёз ба даст овардани ҷудокори ҷопонӣ Ҷаҳонгир Маҷидов шикаст хурда, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфта натавонист.
Баъди ин, ӯ барои гирифтани зинаи сеюм бо намояндаи Федератсияи байналмилалии ҷудо Маҳмадалӣ Матаев мубориза бурд. Дар ин рақобат баъди се огоҳӣ ё шидо гирифтани ҳариф, Ҷаҳонгир Маҷидов ғолиб ва барандаи медали биринҷӣ шуд.

Ҳамин тавр аз 6 ҷудокори тоҷик дар ин мусобиқа танҳо ду нафар соҳиби медал шуданд.
Тибқи иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо, дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Боку 258 варзишгар (166 мард ва 92 зан) аз 36 кишвар ширкат кардаанд.
Барои ин мусобиқа дар умум 154 ҳазор евро ҷудо шуда буд. Барандаҳои медали тилло 5 ҳазор евро, медали нуқра 3 ҳазор евро ва медали биринҷӣ 1 ҳазору 500 евро ба даст оварданд. Ба ғайр аз ин ғолибону ширкаткунандагони ин мусобиқа дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо соҳиби имтиёз гардиданд.




Мужчина в США обнаружил под мусорными завалами элементы таджикской чайхоны
Афиша от «Азия-Плюс»: Итальянский цирк, концерт «Карнавальная ночь» и балет «Щелкунчик»
В Хатлоне мужчину приговорили к 21 году за убийство жены электрическим током
Всемирный банк оценил инвестиционный климат в мире. Как обстоят дела в Таджикистане?
От Асланшоха Рахматуллоева до Шарифа Назарова. Кого мы потеряли в 2025 году?
«Большой шлем» в Париже - первый для таджикских дзюдоистов турнир в 2026 году
США покидают 66 международных структур по указу Трампа
Таджикский боец Муин Гафуров получил чёрный пояс по таэквон-до
Мигрантам в России решили сократить срок прохождения медосмотра и ужесточить наказание за поддельные справки
«У нас с Эмомали Рахмоном был жаркий 10-часовой разговор». Садыр Жапаров раскрыл подробности разрешения пограничного спора между странами
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста