Динара Ашимова, вакили парлумони Қирғизистон зимни суханронӣ дар Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо дар шаҳри Страсбурги Фаронса пешниҳод кард, ки барои фурӯши аслиҳа ва муҳимот ба Тоҷикистон эмбарго (таҳрим) ҷорӣ карда шавад.
Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки гӯё “таҷовузи Тоҷикистон дар қиболи Қирғизистон, дастдарозии он ба тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Қирғизистонро маҳкум намоянд”.
Ин аввалин изҳороти мақомдорони Қирғизистон нест, ки муқобили Тоҷикистон ва созиши ҳосилшуда дар мавриди қатъи ҳар гуна сиёҳкунии ҳамдигар гуфта мешавад.
Пештар низ мансабдорони Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро ба “оғози ҷанг” ва “таҷовуз ба хоки кишварашон” гунаҳкор карда буданд. Аз ҷумла, Содир Жапаров, президенти Қирғизистон чанд рӯз пас аз имзои протокол аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид Тоҷикистонро ба “оғози ҷанг” ва гӯё “таҷовуз ба хоки кишвараш” муттаҳам карда буд.
Баъдан, корманди вазорати корҳои хориҷаи ин кишвар ордени ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон тақдимнамудаи Владимир Путин, президенти Русияро ба чолиш кашид.
Мақомдорони тоҷик низ ба ҳар сухани мақомдорони қирғиз посух мегӯянд, аммо дар аксар ҳолат гунаҳкоркунӣ ва вайрон кардани созиши имзошуда бо ташаббуси давлати ҳамсоя сурат мегирад.
Қаблан ҷонибҳо бо имзои протокол аз 19-уми сентябр, уҳдадор шуда буданд, ки тамоми масоили баҳсӣ миёни ду кишвар “дар руҳияи ҳусни ҳамҷаворию якдигарфаҳмӣ ҳалли худро меёбанд”.
Ин чӣ хатар дорад?
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик ба он назар аст, ки мансабдорони Қирғизистон бо сиёҳ кардани Тоҷикистон ва ҷабрдида нишон додани худ, мехоҳанд мавқеи давлаташонро дар арсаи байналмилалӣ устувор кунанд ва таваҷҷуҳи давлатҳои абарқудрату ироаи кӯмакҳои бештарро ба кишвари худ ҷалб созанд.
“Ин як навъ ҷанги иттилоотӣ аст. Дар ҳар як низоъ тарафҳои даргир талош мекунанд, ки ҳамдигарро, на танҳо дар майдони муноқиша, балки дар фазои иттилоотӣ ҳам шикаст диҳанд”, - мегӯяд ӯ.
Ба андешаи ин коршинос, чунин баёнияҳои тунд метавонад ба раванди гуфтушунид ҷиҳати барқарории сулҳ таъсири ҷиддии манфӣ расонад.
Муллоҷонов мегӯяд, “барои пешрафти гуфтушунид вуҷуди фазои боварӣ ва ҳамкорӣ зарур аст, аммо чунин айбдоркуниҳо эҳсоси манфиро бедор карда, фазои бовариро аз миён мебарад. Дар чунин ҳолат, идомаи раванди дастёбӣ ба созиш ва сулҳ ғайриимкон аст”.
“Тарғиби хариди силоҳ”. Қирғизистон чӣ мехоҳад?
Раванди хатарноки дигаре, ки дар Қирғизистон мушоҳида мешавад, ин дар пасманзари сардии муносибат бо Тоҷикистон, тарғиби густурдаи хариди силоҳ ва муҳимоти низомӣ дар расонаҳои ин кишвар аст.
Пас аз низои ахири марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар расонаҳои Қирғизистон ҳарчи бештар маълумот оид ба хариди паҳподҳо (ҳавопаймои бесарнишин)-и нав ва низоми дифои зиддиҳавоӣ нашр шуда, наворҳои тарғиботӣ бештар интишор меёбанд, ки ин ҷониби Тоҷикистонро нигарон менамояд.
Тарғиби хариди силоҳ дар Қирғизистонро Парвиз Муллоҷонов кӯшиши фишороварӣ ба Тоҷикистон барои тағйири мавқеъ мегӯяд, аммо таъкид менамояд, ки ҳадафи аслӣ таъсир расонидан ба афкори омма дар дохили Қирғизистон аст.
Ба андешаи ӯ, роҳбарияти Қирғизистон дар чунин вазъ ташнаи ҷанги калон нест, аммо тарғиби ҷангу зӯроварӣ як бозии хатарнок мебошад.
“Ин падида метавонад ба “миллитаризатсия”-и ҳамаи ҷомеа сабаб шавад. Яъне, худи ҷомеа метавонад, омили бесуботӣ ва ифротгароӣ гардида, ҳукуматро ба ҷанг такон диҳад”,- мегӯяд Муллоҷонов.
Роҳи ҳал куҷост?
Ягона роҳи ҳал дар вазъияти пешомада, идомаи раванди гуфтушунид ва иҷрои бечунучарои созишҳои қаблан ҳосилшуда мебошад, ки аксари коршиносон ба он такя мекунанд.
Аз ҷумла, Парвиз Муллоҷонов ҳам бо ишора ба ин зикр мекунад, ки дипломатия ягона роҳи ҳалли баҳси марзӣ аст.
“Ман ягон душворию монеаи ҳалнашавандаро дар ин низоъ намебинам. Дар таъриху арсаи байналмилалӣ чандин низоҳое буданд, ки бамаротиб аз низои миёни Тоҷикистону Қирғизистон печидатар буданд, аммо бо роҳи дипломатӣ ҳал шуданд. Суол дар он аст, ки то кадом андоза роҳбарияти кунунии Бишкек ба созиши воқеӣ омода аст, чунки дар зери фишор ва назорати сахти мухолифини дохилӣ қарор дорад”, - гуфт Парвиз Муллоҷонов.
Резервный фонд президента Таджикистана получит из бюджета $63 млн в 2025 году
Эмомали Рахмон переизбран главой НОК Таджикистана, а Рустам Эмомали продолжит руководить ФФТ
Парламентские молчуны. Почему таджикские депутаты перестали контактировать со СМИ?
В России заблокировали Viber. Как это отразится на таджикистанцах?
Премьер-министр Кыргызстана ушел в отставку. Он сам подал заявление
Глава Хатлона запустил строительство Дворца тенниса и принял детские площадки в Бохтаре
Как подорожание майонеза в России повлияет на рынок Таджикистана?
«Таджикского Терминатора» «задушили». Фаридун Одилов уступил россиянину Ибрагимову
Мигрантам в Волгоградской области запретили работать врачами, учителями и водителями
Между Черным и Азовским морями потерпели крушение два танкера с мазутом. Это экологическая катастрофа?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста