Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МММОҶТ) ва шаҳрдори Душанбе, ки бо сафари корӣ озими Русия шуда буд, субҳи имрӯз бо Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Русия Вячеслав Володин мулоқот намудааст. Дар ин бора сомонаи расмии МММОҶТ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо зимни суҳбат масъалаҳои мубрами вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Русия, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентии ду кишварро баррасӣ карданд.
“Ду ҷониб бо қаноатмандӣ иброз карданд, ки мулоқоту вохӯриҳои роҳбарони ду давлат ба раванди рушди мунтазами ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия, инчунин, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамоянд”, - омадааст дар хабар.
Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ ҳамроҳи роҳбарони ҳайатҳои парламентии иштирокдорони чорабиниҳои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ аз маркази фарҳангию маърифатии “Заряде”-и шаҳри Маскав боздид кардааст.

Илова бар ин, гуфта мешавад, дар доираи сафари кории худ Рустами Эмомалӣ ҳамроҳи роҳбарони ҳайатҳои парламентии кишварҳои иштирокдори чорабиниҳои байнипарламентӣ дар маросими гулчанбаргузорӣ дар назди ёдгории аскари номаълум ва гиромидошти хотираи қурбониёни ҷанги мудҳиши солҳои 1941-1945 иштирок кардааст.
Фабрики и административные здания: что открыл Эмомали Рахмон в Душанбе?
«Таджикский Левитан», «Радиотеатр», «Хоки Ватан». ТОП-10 таджикских дикторов, чьи голоса сводили с ума
Ayan Capital в Великобритании привлекла £25 млн халяльного финансирования
Эмомали Рахмон открыл в Душанбе ювелирный завод Таджикско-китайской горнопромышленной компании
В Таджикистане стартует Кубок мира по маунтинбайку
Налогоплательщиков в Таджикистане предупредили о завершении срока установки и активации приложения «Мои налоги»
«Выход на Кубок Азии-2027 – моя мечта, и она исполнится». Главный тренер футбольной сборной Таджикистана рассказал о своих ожиданиях и работе с командой
В Согдийской области частично разрушилась дорога, построенная три месяца назад на средства мигрантов
FAO предупредила страны Центральной Азии о риске утратить уникальные растительные ресурсы
АБР назвал причины цифровой отсталости Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста