Эрон тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон филиали Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштиро боз кунад. Ин иқдом аз сӯи Баҳром Айнуллоҳӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон расонаӣ шуд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки перомуни ин мавзӯъ ягон иттилоъ надоранд.
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар маросими ифтитоҳи бемористоне дар шаҳри Буҳман гуфтааст, Тоҷикистон дар шумули кишварҳое ҳаст, ки дар онҳо Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштӣ боз мешавад.
Ба гуфтаи Баҳром Айнуллоҳӣ, кишвари Эрон дар соҳаи тиб ва тандурустӣ мақоми хубро дар ҷаҳон касб кардааст ва ҳоло эҳтиёҷоти худро комилан қонеъ мекунад.
“Имрӯз мо на танҳо эҳтиёҷоти соҳаи тандурустии мамлакатро конеъ мегардонем, балки мамлакатҳои ҳамсояро ҳам метавонем, ки бо кадрҳои болаёқат таъмин намоем ва аз кишварҳои ҳамсоя барои табобат ба Эрон сафар мекунанд”, - афзудааст Айнуллоҳӣ.
Дар робита ба боз кардани Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштӣ дар Тоҷикистон мақомот мегӯянд, то ба ҳол ягон иттилоъ надоранд.
Наврӯзи Ҷумъамурод, сухангӯи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфт, дар ин хусус ба вазорат аз ҷониби кишвари Эрон то ба имрӯз ҳеҷ гуна маълумоти расмӣ дастрас нашудааст.
Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон низ дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, перомуни ин масъала вазорати мазкур мактуби расмӣ нагирифтааст.
“Дар сафари охири Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба кишвари Эрон ҳам дар робита ба ин мавзӯъ ягон хел гуфтушунид анҷом нашудааст”, - гуфт Эмомалӣ Мирзоев.
Ба гуфтаи ӯ, тасмими ниҳоии мақомоти Тоҷикистон пас аз дидор ва гуфтушунидҳо бо ҷониби Эрон гирифта мешавад.
Ӯ афзуд, ки “интизор меравад, вобаста ба масъалаи мазкур масъулини марбутаи ин соҳа ва ректори Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштӣ ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом диҳанд”.
Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи Шаҳиди Биҳиштӣ яке аз донишгоҳҳои давлатии Эрон буда, дорои 19 факулта, 3 корпус ва 16 пажӯҳишгоҳи илмӣ ва марказҳои омӯзишӣ ва тадқиқотӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир доктор Сайид Маҳмудризо Оқомирӣ ректори ин донишгоҳ аст.
Народный артист СССР. Знай наших!
На конференции в Исламабаде талибов призвали снять ограничения на образование девочек
ТОП-5 видов продукции, которые обеспечили аграрный рост Таджикистана в 2024 году
Сбербанк России обнаружил в даркнете «университет» по обучению мошенников
В Таджикистане задержали подозреваемого в организации незаконной миграции в Украину
Райские парадизы Востока
Мировой рейтинг дзюдо: на каком месте таджикистанцы?
Минтруда Таджикистана огласило список профессий для трудовой миграции в Катар
Таджикистанец впервые избран президентом Исполнительного совета ЮНИСЕФ
В США запретят TikTok, если Китай не продаст платформу до 19 января
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста