Нархи гази моеъ дар моҳи август барои 1 литр қариб 2 сомонӣ гарон шуд. Коршиносон боло рафтани арзиши гази моеъро ба қурби рубл рабт медиҳанд. Мақомот иддао доранд, ки дар кишварҳои содиркунанда ин навъи сӯзишворӣ гаронтар шудааст.

Гази моеъ дар аввали моҳи август 4 сомониву 20 дирам арзиш дошт, аммо ҳафтаи гузашта он ба 4 сомониву 80 дирам баробар шуд.

Имрӯз, 22-юми август, дар таблои нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд нархи гази моеъ 5 сомониву 30 дирам аст.

Дар шаҳри Душанбе арзиши 1 литр гази моеъ 5 сомониву 60 дирам мебошад.

Дар ҷануби кишвар нархи гази моеъ аз ин ҳам гаронтар аст: дар шаҳри Бохтар 1 литр гази моеъ то 6 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Бо ин вуҷуд, бархе ронандагон ва сокинон шикоят доранд, ки дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт на ҳамеша гази моеъ метавон пайдо кард.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар шарҳи акси мазкур навиштаанд, ки дастрас кардани гази моеъ дар Душанбе душвор шудааст.
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Аз ҷумла, Шуҳрат, ронандае аз шаҳри Душанбе ба “Asia-Plus” шикоят кард, ки аз чанд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ натавонистааст гази моеъ пайдо кунад.

Нархи газ ва дигар анвоъи сӯзишворӣ аз моҳи феврал то ба ин ҷониб дар кишвар рӯ ба пастшавӣ меовард: имсол гази моеъ то 3 сомониву 30 дирам арзон шуда буд.

Ҳоло коршиносон сабаби дигарбора боло рафтани нархи гази моеъро ба “бозии қурби асъор ва гароншавии он дар кишварҳои истеҳсолкунанда” рабт медиҳанд.

Як коршинос бидуни зикри ном ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “сабаби аслии боло рафтани нархи гази моеъ гарон шудани он дар Қазоқистон ва Русия аст”.

“Тоҷикистон гази моеъ истихроҷ намекунад ва ин маводи сӯхт ба кишвари мо воридот карда мешавад, он ҳам бештар аз Қазоқистон ва Русия. Бо сабаби пасту баланд шудани қурби рубли русӣ нархи гази моеъ ҳам дар ин кишварҳои истеҳсолкунанда тағйир ёфта меистад ва он ба ҳама мамлакатҳои Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, нархи гази моеъ ҳоло гаронтар шудааст”, - гуфт коршинос.

Мақомот ҳам ин назари коршиносро тасдиқ карда, болоравии қимати гази моеъро ба боло рафтани қимати ин навъи сӯзишворӣ дар кишварҳои содиркунанда рабт медиҳанд.

Сафаралӣ Қурбонзода, муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар аввали моҳи август гуфта буд, “арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон аз қимати он дар кишварҳои тавлидкунанда вобаста аст, зеро Тоҷикистон ин навъи сӯзишвориро ворид мекунад”.

“Воқеан, аз аввали моҳи август қимати гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ боло рафтааст, аммо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба кишвар ҳудуди 170 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст”, - гуфт Қурбонзода.

Ба таъкиди ӯ, “дар нимсолаи аввали соли 2023-юм 14 ширкат ба интиқоли гази моеъ ба Тоҷикистон машғул буданд, ки дар миёни онҳо монопология вуҷуд надорад”.

Гуфтан ба маврид аст, ки аз соли 2018 бо қарори вижаи ҳукумати ҶТ гази моеъ дар баробари 18 номгӯи дигар колоҳо ба феҳристи молҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ шомил шудааст.

Бо ин санад ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дода шуд, ки дар сурати беасос дар давоми як моҳ то 20 дарсад ва бештар аз он боло рафтани нархи гази моеъ дахолат кунад.

Бояд гуфт, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2023 ба Тоҷикистон 73,47 фоиз аз Қазоқистон, 24,67 фоиз аз Русия ва 1,86 фоиз аз Ӯзбекистон гази моеъ ворид карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки гази моеъ яке аз сӯзишвориҳои асосии нақлиёти автомобилии Тоҷикистон мебошад, ки аз рӯи маълумоти расмӣ бештар аз нисфи ронандагон аз он истифода мебаранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.