Пажӯҳиши Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди Президенти Тоҷикистон маълум кардааст, ки сатҳи фасод дар соҳаи маориф дар ҳоли афзоиш аст ва сабаби асосии он маоши кам мебошад. Пурсидашудагон гуфтаанд, ба мақомот чандон эътимод надоранд, аз ин рӯ, аз ҳамкорӣ ва ҳатто муроҷиат ба онҳо дар робита ба фасод худдорӣ мекунанд.
Ин тадқиқоти иҷтимоӣ аз сӯи як гурӯҳи калони кормандони МТС моҳҳои октябр ва ноябри соли 2023 дар 15 шаҳру навоҳии Тоҷикистон гузаронида шудааст. Зимни он беш аз ҳазор корманди маориф, хонандагону донишҷӯён ва волидайни онҳо, инчунин кормандони ниҳодҳое, ки бо ин зуҳурот мубориза мебаранд, тавассути анкетаву суҳбатҳои инфиродӣ пурсида шудаанд.
“Азия-Плюс” нусхаи ин тадқиқотро дастрас кард ва нуктаҳои муҳими онро манзури хонандагон мекунад.
Аз боғча то донишгоҳ фасод ҳаст
Барои муайян намудани сатҳи фасод дар соҳаи маориф 1200 хонандаву омӯзгор ва волидайни онҳо аз шаклҳои гунонуни муассисаҳои таълимӣ дар тамоми кишвар пурсида шуданд.
Пурсидашудагон дар баробари “порахӯрӣ”, “тамаъҷӯӣ” ва “сӯистифода аз мансаб”, “китобфурӯшӣ”-ро ҳам ҷузъе аз фасод унвон кардаанд. Аз ҷумла, 5,2 фисади волидайн ва 2,3 фоизи хонандагону донишҷӯён “китобфурӯшӣ”-ро “фасод” гуфтаанд.
“Аз таҳлили муқоисавии мавқеи мусоҳибон хулосае бармеояд, ки “китобфурӯшӣ” дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби 5,2 фоизи волидон чун падидаи манфӣ арзёбӣ мешавад, ки ин нисбат ба ҷавобҳои хонандагону омӯзгорон (мутаносибан 1,7 ва 2,3%) зиёдтар мебошад. Ин ба он вобаста аст, ки пардохти маблағи китобҳо, аслан бар уҳдаи волидон мебошад”, - омадааст дар тадқиқот.
Муаллифон гуфтаанд, барои омӯзгорон фурӯши китоб дар байни талабагон дар маҷмӯъ қобили қабул буда, танҳо 1,7 фоизи онҳо зикр кардаанд, ки он “коррупсия” аст.
Худи омӯзгорону донишҷӯён соҳаи маорифро фасодзада гуфтаанд. Аз ҷумла, 11,4 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 14,2 фоизи донишҷӯён дар муқоиса ба дигар сохторҳои давлатӣ (масалан, мақомоти андоз ва гумрук) сатҳи фасодро дар соҳаи маориф баланд арзёбӣ намудаанд.
Тадқиқот нишон додааст, ки фасод дар соҳаи маориф бештар дар донишгоҳҳо мушоҳида мешавад. 42,8 фоизи пурсидашудагон гуфтаанд, ки фасод дар ин муассисаҳо бештар аст.
Боғчаҳои кӯдакона (12,9%) дар ҷои дуввум ва мактаб дар ҷои сеюм қарор гирифтаанд.
Муаллифон гуфтаанд, ки “талабот ба боғчаи кӯдакона хеле зиёд буда, волидон барои ҷой кардани фарзандашон дар ин муассисаҳо ба мушкилиҳои зиёд дучор мешаванд. Аз ин рӯ, барои роҳ ёфтани унсурҳои коррупсионӣ дар ин муассисаҳо заминаи мусоид муҳайё мешавад. Волидон маҷбур мешаванд, ки барои ҳалли мушкилоташон ба шартҳои гузоштаи роҳбарои ин муассисаҳо ва кормандони онҳо аз ноилоҷӣ ва баъзан, шояд бо майлу хоҳиши худ розӣ шаванд”.
Сабаби асосӣ-маоши паст
Тадқиқот нишон додааст, ки сабаби асосии фасод дар соҳаи маориф “сатҳи пасти музди меҳнат ё шароити зиндагӣ” (34,2 фоизи волидон ва 31,4 фоизи худи омӯзгорон) аст. 29,7 фоизи пурсидашудагон инро тасдиқ кардаанд. Ҳамчунин, 18,8 фоиз гуфтаанд, ки сабаби фасод “кӯшиши ба даст овардани даромади иловагӣ”, 17 фоиз “бемасъулиятӣ ва бевиҷдонӣ аз тарафи мутахассисони соҳа” ва 7,2 фоиз “бемасъулиятӣ ё бетарафӣ аз тарафи аҳолӣ” мебошад.
Беш аз 40 дарсади пурсидашудагон гуфтанд, ки дар муассисаи таълимии минтақаашон фасодро мушоҳида мекунанд. 31 дарсад гуфтанд, мушоҳида намекунанд ва боқимонда гуфтаанд, “намедонам”.
Аз 50 то 500 сомонӣ барои таъмир ва хариди мизу курсӣ
Тадқиқот нишон додааст, ки аксаран барои гирифтани шаҳодатномаи хатм ва барои дохилкунии фарзанд ба муассисаҳои таълимӣ пора медиҳанд. Барои ба кор дохилшавӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва барои такмили ихтисос низ маблағ медиҳанд, вале он камтар аст.
Муаллифони тадқиқот гуфтаанд, “зуҳуроти дигар дар соҳаи маориф, шуруъ аз муассисаҳои томактабӣ то муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ ҷамъоварии маблағ барои таъмири синфхонаҳо, харидани мизу курсӣ мебошад”.
Аз шумораи умумии пурсидашудагон 11,7 фоиз мавҷудияти ҳамешагӣ ва 33,3 фоиз қисман вуҷуд доштани ин амалро тасдиқ намудаанд. Бештари маблағ барои таъмири мактаб ё боғча 26,4 фоиз ва барои харидани китоб 21,3 фоиз ҷамъ карда мешаванд. Ҷамъоварии маблағ барои гузаронидани чорабиниҳо 11 фоиз аст, ки ин хонандагону волидайнро бештар нигарон кардааст.
Теъдоде аз пурсидашудагон гуфтаанд, ки аз 50 то 500 сомонӣ барои туҳфа медиҳанд. Дар маҷмӯъ, қисмати асосӣ – 69,3 фоиз зикр кардаанд, ки барои туҳфа 100 сомонӣ медиҳанд.
Зимнан, 60 дарсад гуфтаанд, ки маблағро ихтиёрӣ ва ҳамагӣ 17,3 фоиз аз ноилоҷӣ, яъне бо талабу ишораҳо пешниҳод намудаанд.
Фасод дар озмуну олимпиада ва тақсими квотаҳои президентӣ
Қариб 33 фоизи мусоҳибон гуфтаанд, ки дар ин раванд фасод ҷой дорад ва 67 фоизи дигар ҷавоби рад доданд.
Муаллифон мегӯянд, то 33 дарсад эътироф гардидани “чунин амалҳои номатлуб бояд боиси ташвиши аҳли ҷомеа ва масъулони соҳа бошад”.
“Мушоҳида нагардидани мавҷудияти чунин амалҳо аз ҷониби 67 фоизи боқимондаи мусоҳибон кафили вуҷуд надоштани чунин амалҳои номатлуб буда наметавонад. Табиист, ки ашхоси ба чунин масъалаҳо рӯбарӯ нагардида наметавонанд воқеиятро дарк намоянд ва доир ба ҷой доштани чунин беадолатиҳо андешаи дақиқ ва асоснок пешниҳод намоянд”, - гуфтаанд муаллифони тадқиқот.
Дар ҳамин замина, 36,1 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки фасод як “ҳолати муқаррарии ҳаёти имрӯзаи мо” аст. Беш аз 44 фоиз гуфтаанд, коррупсия ҳолатест, ки кам ба назар мерасад”.
“Ба мақомот бовар надорем”
Муаллифон навиштаанд, ҳарчанд беш аз 60 дарсади пурсидашудагон медонанд, ки ҳангоми рӯбарӯ шудан бо фасод ба Оҷонсии зиддифасод бояд муроҷиат кунанд, вале 95 дарсад ҷавоб додаанд, ки боре ба ин ниҳод муроҷиат накардаанд. Беш аз 75 дарсад гуфтаанд, ки суроға, рақами телефон ё почтаи электронии ин ниҳодро намедонанд.
Онҳо сабаби инро бовар накардан ба мақомоти расмӣ (11,5 фоиз), хаста шудан аз муроҷиатҳои пайдарпай (3,5 фоиз), бефоида будани муроҷиат (18,2 фоиз) маънидод кардаанд.
“Дар маҷмӯъ, 33,2 фоизи мусоҳибон муроҷиат ба мақомотро амали бефоида арзёбӣ намудаанд. 18,6 фоизи дигар изҳор намуданд, ки роҳбарони муассисаҳо аз амалҳои коррупсионии кормандонашон огаҳӣ доранд, вале чора намеандешанд”, - омадааст дар тадқиқот.
Аз миқдори умумии пурсидашудагон 19 фоиз гуфтаанд, ки дар се соли охир ҳолатҳои коррупсионӣ зиёд шудааст.
Яке аз роҳҳои бартараф кардани омилҳои фасод ин “беҳтар намудани шароити зиндагӣ, баланд бардоштани музди меҳнат ва баланд бардоштани фаҳмиши аҳолӣ оид ба мубориза бар зидди фасод аст”.
“Таҳлил ва арзёбии ҷавобҳои мусоҳибон... аз вазъи воқеии мавҷудияти коррупсия дар соҳаи маориф шаҳодат медиҳанд”, - хулоса кардаанд муаллифони тадқиқот.
Барои “пазироӣ”-и санҷишгару нозири барқу милитсия
Дар хулосаи тадқиқот навиштаанд, ки “барои ҳар як санҷишгару комиссия, ки аз мақомоти болоӣ ба муассиса ворид мешавад, ҳатман маблағи муайяне бояд ҷамъ карда шавад”.
Маблағ барои чорабиниҳои давлатӣ, “пазироӣ” ва ҳаққи хизмати санҷишгарон аз мақомоти соҳаи маориф, тандурустӣ, идораи барқ, сухторхомӯшкунӣ, санҷишҳои зиёди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба фаъолияти педагогӣ ягон дахл надоранд, болои сари муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва дар ниҳоят, волидон қарор мегирад”.
Зикр мегардад, ки “теъдоди муайяни омӯзгорон вазъи оилавии хонандагонро дида, барои ҷамъоварии маблағ аз онҳо виҷдонаш намебардорад ва баъзан аз кисаи худаш чунин маблағҳоро месупорад, ки ин, албатта, ба буҷети оилавии омӯзгор таъсири манфӣ мерасонад”.
“Бояд зикр намуд, ки ин омилҳое мебошанд, ки қисман ба одат табдил ёфтаанд ва соҳаи маорифро фалаҷ намуда истодаанд”, - гуфта мешавад дар пажӯҳиш.
Агентии зиддифасод: “Бахши маориф дар мақоми дуюми феҳристи ниҳодҳои фасодзада аст”
Вақте ин мавод таҳия мешуд, Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли 2023 дар соҳаи маориф ва илм аз ҷониби 87 нафар 181 ҷиноят содир шудааст.
Ба иттилои Сулаймон Султонзода, ҳарчанд нисбати соли гузашта ҷиноятҳои коррупсионӣ дар бахши маориф ва илм 71 ҳолат коҳиш ёфтааст (соли 2022 120 корманди соҳаи маориф 252 ҷиноят содир карда буданд), аммо бо ин ҳам, соҳаи маориф ва илм миёни ниҳодҳое, ки бештар аз ҳама ҷиноятҳои коррупсионӣ ошкор шудааст, мақоми дуюмро ишғол мекунад.
Вазорати мориф ин пажӯҳиши Маркази тадқиқоти стратегӣ ва изҳороти Агентии зиддифасодро то ҳол шаҳр надодааст. Кӯшишҳои "Asia-Plus" ҳам барои дастрас кардани шарҳи ин ниҳод бесамар анҷомид.
Тренер сборной России по борьбе из Таджикистана получил 9 лет за «финансирование терроризма»
УМВД предупреждает: «аренда» банковских карт – новый вид мошенничества в Таджикистане
В Душанбе мать и трое детей отравились угарным газом
Готов ли Душанбе к зиме?
Таджикский тренер в Узбекистане расстался со своими соотечественниками
Стало известно о судьбе второго таджикистанца, находившегося на борту самолета, потерпевшего крушение в Актау
СМИ узнали об изоляции жены Башара Асада из-за лейкемии
Таджикистанцы теперь будут сдавать отпечатки пальцев при получении справки о несудимости
На борту упавшего в Актау самолета были два уроженца Таджикистана
Как меняется контртеррористическая повестка в мире и причем здесь Таджикистан?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста