Имрӯз, 8-уми апрел, ҳодисаи табиии гирифти Офтоб рух медиҳад, вале мардуми Тоҷикистон ин воқеаи астрономиро мушоҳида карда наметавонанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Гирифти Офтоб соати 21:38 ба вақти Душанбе рух медиҳад ва чун ин ҳангом дар Тоҷикистон Офтоб аллакай нишастааст, мушоҳидаи гирифти он ғайриимкон мегардад, шарҳ доданд дар Институти астрофизика.
“Агар пештар ин падида 2-2,5 дақиқа идома меёфт, ин гирифт 4,5 дақиқа тӯл мекашад. Сабаби чунин давомнокӣ дар он аст, ки ин вақт Моҳ нисбат ба Замин дар нуқтаи наздиктарин қарор мегирад ва андозаи кунҷии он нисбат ба андозаи кунҷии Офтоб зиёдтар мешавад, аз ин рӯ гирифти Офтоб низ бештар идома меёбад” - илова карданд дар Институт.
Даври пурраи гирифти Офтоб бошад, зиёда аз 5 соат давом меёбад.
Ин ҳодиса дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия низ мушоҳида намешавад.
Гирифти пурраи Офтобро дар Мексика, ИМА ва Канада дидан мумкин аст. Гирифти нопурраи онро бошад, сокинони кишварҳои Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ ва Аврупои Ғарбӣ метавонанд бинанд.
Таджикистан отстал от Афганистана по уровню зарплаты?
Россия и Украина провели обмен пленными
В России предложили увеличить пошлину за развод в 8 раз
В Узбекистане парламент принял законопроект о признании нежелательным пребывания отдельных иностранцев в стране
Международный уголовный суд выдал ордеры на арест Шойгу и Герасимова
Гидрометцентр Таджикистана: конец июня будет пыльным
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 26 июня 2024 года
Наркоз не сокращает жизнь. Анестезиолог о рисках и восстановлении организма после анестезии
Стали известны суммы заработка таджикских спортсменов в лиге UFC
Натуральные соки «Нури Зулол» с трубочкой - идеальный выбор для здоровья и радости детей!
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста