То ҳол садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои заминии Русия бидуни шароити санитарӣ банд монда, мақомоти Русия даҳҳо нафарро аллакай ихроҷ ва дар пайи “депорат”-и садҳо тоҷики дигар ҳастанд. Дар ин бора Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ)-и Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.
ВКХ Тоҷикистон: “Вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон мушкил боқӣ мемонад”
Номбурда, имрӯз, 28-уми апрел дар шарҳи вазъи нигоҳдории шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои заминии Русия гуфт, “мушкил боқӣ мемонад”.
Ба гуфтаи ӯ, “то поёни рӯзи 27-уми апрел 954 шаҳрванди Тоҷикистон дар минтақаи боздошти муваққатии шаҳрвандони фурудгоҳи байналмилалии “Внуково”-и Русия бидуни фароҳам овардани шароити санитарӣ қарор доранд, ки дар миёни онҳо донишҷӯёни тоҷик низ ҳастанд, ки аз ҳисоби квотаҳои таълимии Русия дар ин кишвар таҳсил мекунанд”.
“Аз шумори умумии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи “Внуково” банд мондаанд, пас аз соатҳои зиёди интизорӣ 322 нафарро ба қаламрави Русия роҳ додаанд. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи мавҷуда, мақомоти Русия қасд доранд 306 нафарро ба истилоҳ “рӯйхати ихроҷ” ворид кунанд. Теъдоди онҳое, ки аллакай ихроҷ шудаанд, 27 нафар мебошадд”, - гуфт Шоҳин Самадӣ.
Ба гуфтаи намояндаи ин ниҳоди дипломатӣ, чунин бархурд аз сӯи маъмурони Русия танҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ мешаванд.
Ба иттилои вай, дар фурудгоҳҳои Жуковский, Домодедово ва Шереметевои Русия низ вазъи сангине мушоҳида мешавад, ки даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон бидуни шароити лозим дар боздоштгоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд.
Шоҳин Самадӣ афзуд, ба далели таъмин набудани шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон бо ғизои гарми кофӣ, дипломатҳои тоҷик дар ҳамкорӣ бо намояндагони диаспора ба фурудгоҳи “Внуково” ғизо меоранд.
“Илова бар ин, ба манзури расонидани кумаки зарурӣ ба ҳамватанон дар хадамоти консулгарии намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав ситоди фаврии шабонарӯзӣ боз шудааст”, - гуфт намоляндаи ВКХ.
“Бе зарурат ба Русия сафар накунед!”
Аз ин пештар, ВКХ Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия дода буд, ки бе зарурат ба Русия сафар накунанд.
“Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия медиҳад, ки аз сафар ба қаламрави Русия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт бе зарурат мувақаттан худдорӣ намоянд", - омадааст дар изҳороти ВКХ.
Ин тавсия дар пайи шикояти даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки натавонистанд, тавассути сарҳади Қазоқистон вориди Русия шаванд, садо медиҳад.
Дар пайи ин, ВКХ Тоҷикистон сафири Русия дар Тоҷикистонро даъват ва нигаронии худро изҳор дошта буд.
ВКХ Русия: “Ба хотири чораҳои пешгирӣ аз терроризм”
Зимнан, дирӯз, 28-уми апрели соли равон Вазорати корҳои хориҷии Русия ба таври расмӣ дар гузаргоҳҳои марзии Русия муддати тӯлонӣ маътал шудани шаҳрвандони хориҷиро бо “чораҳои пешгирӣ аз терроризм” алоқаманд кард ва умедвори “ҳусни тафоҳум” дар ин бобат шуд.
"Дар чорчӯби фаъол сохтани чораҳо ҷиҳати пешгирӣ аз терроризм мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия қатъиян дар чорчӯби қонунгузорӣ ба тафтиши мӯшикофонатари шаҳрвандони хориҷие, ки ба қаламрави кишвари мо медароянд, пардохтаанд. Ба ин сабаб дар гузаргоҳҳои марзӣ, аз ҷумла дар бархе фурудгоҳҳо, ҳангоми гузаштани тафтиши шиносномаҳо одамон маътал мешаванд. Ҷониби Русия барои ҳарчӣ зудтар ҳал кардани ин вазъи пешомада чораҳои кофӣ андешида истодааст",-гуфт Мария Захарова, намояндаи ВКХ Русия.
Захарова таъкид кард, ки “чунин иқдомот табиати муваққатӣ дошта, сарфи назар аз миллияти шахсоне, ки вориди кишвар мешаванд, сурат мегиранд”.
Ӯ афзуд, ки дар айни замон ягон тағйиру илова дар рӯйхатти сабабҳое, ки метавонанд боиси ба марзи Русия роҳ надодани шаҳрвандони хориҷӣ шаванд, изофа нашудааст ва хориҷиён дар сурати доштани ҳама ҳуҷҷатҳои лозим ба Русия роҳ дода мешаванд.
«Дар ҳоли ҳозир шумораи умумии онҳое, ки дар сарҳади Қазоқистон ва Русия дармондаанд, се даҳҳо нафарро ташкил медиҳад... Дар баробари ин, беш аз 40 дарсади шаҳрвандони хориҷӣ кӯшиш мекунанд, ки тавассути нуқтаҳои зикршуда пас аз 90 рӯз (аз 180 рӯзи ҷудошуда) Русияро тарк кунанд, то дубора баргарданд ва ба ин васила имкони иқомат дар ин кишварро боз як муддати дигар пайдо кунанд”, - гуфтааст Захарова.
Эхсони Панджшанбе проведет следующий сезон в Узбекистане
Граждан Пакистана задержали в Душанбе за продажу фальшивых золотых монет
В России зарегистрировали рекордное за 20 лет число терактов
В Таджикистане ожидается резкое похолодание: температура упадет до 7-9 градусов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 5 ноября 2024 года
Эмомали Рахмон призвал принять Конвенцию по борьбе с международным терроризмом
В Душанбе стартовали бесплатные курсы по созданию медиаконтента и борьбе с дезинформацией
Таджикские джунгли. Один день из жизни лесничего «Тигровой балки»
В его душе всегда горел огонь исканий, раздумий и сомнений. Памяти Мухаммада Бобоходжаева
В Таджикистане впервые провели операцию на поджелудочной железе онкобольному
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста