Тоҷикистон ояндаи наздик ба системаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст мешавад. Дар ин бора Aktualno.uz бо истинод ба вазири энергетикаи Ӯзбекистон Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов хабар медиҳад.
“Ин моҳ мо ният дорем, ки Тоҷикистонро ба шабакаи умумии худ - низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст кунем”, - гуфтааст Мирзомаҳмудов дар конфронси энергетикӣ дар Тошканд.
Раҳбарияти Вазорати энергетикаи Тоҷикистон ҳанӯз як сол пеш ният доштанд, ки тариқи хатҳои интиқоли барқи Ӯзбекистон ба низоми ягонаи минтақавӣ пайваст шаванд.
Барои ин охири соли 2018 Бонки осиёии рушд ба маблағи 35 млн доллар грант ҷудо кард. Корҳои мазкур мутобиқи қарордод байни тарафҳо бояд соли 2022 ба охир мерасиданд.
Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ чист?
Системаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ (соли 1960), вақте ки ҳамаи кишварҳои минтақа қисми як давлат буданд, таъсис дода шудааст. Система аз ҷониби маркази Ҳамоҳангсозӣ-диспетчерӣ дар Тошканд идора карда мешуд ва имкон медод, ки тағйирёбии мавсимии талабот ба неруи барқ ва талабот ба об дар давраи обёрӣ ба мувозинат оварда шавад.
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фасли сарди сол дар обанборҳо об ҷамъ карда, аз Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон нерӯи барқ ва захираҳои энергетикӣ (ангишт ва гази табиӣ) мегирифтанд.
Дар мавсими тобистон Тоҷикистону Қирғизистон оби дар зимистон ҷамъшударо ба кишварҳои зикршуда барои обёрии заминҳои кишоварзӣ мефиристоданд. Ҳамчунин дар тобистон Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳамсояҳо неруи барқи барзиёд истеҳсолшударо интиқол медоданд.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар моҳи ноябри соли 1991 дар Ашқобод созишнома дар бораи кори муттаҳида (мутавозин ё якоя)-и системаҳои энергетикии кишварҳои минтақа ба имзо расид.
Маркази диспетчерӣ дар Тошканд ба "Раёсати муттаҳидаи диспетчерии системаҳои энергетикии Осиеи Миёна" табдил дода шуда, кори он аз ҷониби кишварҳои иштирокчии Система дар асоси саҳҳомӣ маблағгузорӣ карда мешуд.
Дар солҳои минбаъда даъвоҳои гуногуни тарафайн ба миён омада, ба шартҳои кори мутавозин тағйироти гуногун ворид шуд. Соли 2003 Туркманистон аз системаи ягона хориҷ шуд.
Айни замон дар ҳайати Системаи ягонаи энергеикии Осиёи Марказӣ низомҳои энергетикии Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистони Ҷанубӣ ба таври мутавозин кор мекунанд.
Низоми энергетикии Қазоқистони Ҷанубӣ қисми таркибии системаи энергетикии Қазоқистон мебошад, ки тариқи он Системаи муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ дар реҷаи мутавозин бо Системаи ягонаи энергетикии ИДМ кор мекунад.
Агар ба забони сода бигӯем, кори муттаҳида чунин маъно дорад, ки барқи дар ҳамаи неругоҳҳои минтақа истеҳсолшуда (ҳудуди 100 адад) ба як нуқта интиқол меёбад. Ҳар як истеъмолгари ба он пайвастшуда дар ҳар кадоме аз кишварҳои ҳалқа метавонад барқи барояш заруриро аз он гирад.
Тоҷикистон чӣ гуна аз система хориҷ шуд?
Баъди соли 2005 вақте ки корҳои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” оғоз шуданд, даъвоҳои роҳбарияти вақти Ӯзбекистон нисбати Тоҷикистон дар бораи риоя накардани шартҳои кор дар реҷаи ягона зиёд шуданд.
Ҳамсояҳо ба Тоҷикистон қонуншиканиҳои гуногуни доимӣ, ғайриқонунӣ гирифтани барқ ва ғайраро нисбат медоданд.
Моҳи ноябри соли 2009 дар натиҷаи таваққуфи ғайриинтизори агрегатҳо дар неругоҳи “Норак”, тамоми қисми марказии Тоҷикистон (ба ғайр аз Суғд ва ВМКБ), инчунин қисми ҷанубии Ӯзбекистон ба таври автоматӣ барои як шабонарӯз аз барқ маҳрум монданд.
Пас аз ин Ӯзбекистон хатҳои пайвасткунандаи системаи энергетикии ин кишварро бо системаи Тоҷикистон пурра бе барқ кард.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи ин амали Ӯзбекистон системаи энергетикии Тоҷикистон ба таври автоматӣ аз ҳалқаи ягонаи минтақа ҷудо карда шуд.
Пас аз сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон бо кумаки молиявии Бонки осиёии рушд барои барқарор кардани кори муттаҳида бо системаи энергетикии Тоҷикистон тадбирҳо андешида шуданд.
Моҳи апрели соли 2018 Тоҷикистон содироти нерӯи барқро ба баъзе ноҳияҳои вилояти Сурхондарё бо реҷаи ҳолати "ҷазиравӣ" (автономӣ) аз сар гирифта, минтақаҳои наздисарҳадии Ӯзбекистон, ки аз Тоҷикистон барқ мегиранд, ба хотир таъмини бехатарӣ аз системаи энергетикии ин кишвар, яъне аз системаи ягонаи минтақа ҷудо карда шудаанд.