Рӯзи 22 июл зимни нишасти матбуотӣ Раҷабалӣ Расулзода, муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” (ХМК) изҳор дошт, ки акнун маблағи хизматрасониҳои коммуналиро метавон ғайринақдӣ пардохт намуд. Аммо ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ҳоло пурра фаъол нест.
Раҷабалӣ Расулзода дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” дар бораи пардохтҳои ғайринақдӣ дар низоми Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” зикр кард, ки байни ин идора ва БДА “Амонатбонк” созишномаи дахлдор ба имзо расида, пардохти ин хидматрасонӣ аллакай дар замимаи мобилии “Амонат-мобайл”, ҳамёни электронии “Амонатбонк”, дастрас аст.
“Пардохти ғайринақдӣ то охири ҳафта пурра ҷорӣ мешавад”
Хабарнигори “Азия-Плюс” замимаи мобилии “Амонат-мобайл”-ро санҷида, маълум кард, ки дар равзанаҳои ишоракардаи роҳбари КВД ХМК маълумоте нест.
Бо пахш кардани тугмаи “Пардохтҳо” ва сипас “Хизматрасониҳои коммуналӣ” дар замимаи мобилии “Амонат-мобайл” дар экран рӯйхати хидматрасониҳое пайдо мешаванд, ки метавон онлайн пардохт кард. Аз ҷумла, ба ин рӯйхат барқ, гармидиҳӣ (барои Душанбе), обтаъминкунӣ ва оби саҳроӣ (об барои обёрӣ - муҳаррир.) шомиланд. Ҷолиб он аст, ки об барои обёрӣ низ ба рӯйхати хидматрасониҳои коммуналӣ ворид шудааст, ҳарчанд барои он Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ масъул аст. Шояд ин ғалати барнома бошад.
Дар ин рӯйхат тугмаи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” низ ҳаст. Бо пахши ин тугма равзанаи нав бо рӯйхати дигар - оби нӯшокӣ ва обпарто (канализатсия), оби нӯшокӣ барои деҳот ва баровардани партовҳо кушода мешавад. Аммо бо пахши ҳар яке аз ин нишонаҳо дар экран танҳо равзанаи холӣ мебарояд.
Тавре баъд аз нишасти хабарӣ ба “Азия-Плюс” аз КВД ХМК иттилоъ доданд, ин корхона воқеан дар 56 шаҳру ноҳияҳои тобеи он низоми пардохти ғайринақдиро роҳандозӣ кардааст, вале он ҳоло қисман фаъол аст.
Барои гузаштан ба низоми автоматикунонидашуда ба КВД ХМК ширкати хидматрасонии техникии “Низоми муосир” кӯмак мекунад.
Тавре аз ин ширкат ба “Азия-Плюс” ҳанӯз моҳи июл иттилоъ дода буданд, барои пардохти ғайринақдӣ сокинонро мебояд, ки ба шуъбаи “Амонатбонк” рафта, маблағи хидматрасониҳои коммуналиро дар онҷо тавассути POS-терминалҳо пардохт кунанд.
“Интизор меравад, ки то охири ҳафтаи ҷорӣ пардохти ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ тавассути замимаи мобилии “Амонат-мобайл” ҷорӣ шавад. Ҳоло дар ин бора бо роҳбарияти “Амонатбонк” гуфтушунид идома дорад”, - гуфта буд Ориф Толибов, намояндаи ширкати “Низоми муосир”.
Ҳамчунин, Толибов илова кард, ки КВД ХМК бо дархости ҷорӣ кардани пардохти онлайнӣ тавассути дигар бонкҳои кишвар ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат карданӣ аст. Ба гуфти ӯ, “аллакай моҳе пас пардохтҳои коммуналӣ ба низоми пардохти ғайринақдӣ мегузаранд”.
Се ҳафта сипарӣ гашт, натиҷа чӣ гуна аст?
Ҳарчанд, 22-юми июл, дар нишасти хабарӣ дар КВД ХМК гуфта буданд, ки низоми пардохти ғайринақдӣ то охири ҳафта пурра дар “Амонат-мобайл” ба кор медарояд, вале бо гузашти қариб як моҳ он ҳамоно қисман фаъолият дорад.
Ҳамчунин, дар ХМК гуфтанд, ки пардохти онлайнии хидматрасониҳои коммуналӣ аллакай пурра дар замимаи мобилии “Коммерсбонк” - “Фаврӣ” фаъол аст.
“Азия-Плюс” замимаи мобилиро санҷида муайян кард, ки дар ҳақиқат дар замимаи мобилии “Коммерсбонк” пардохти онлайнии КВД ХМК роҳандозӣ гардидааст, вале номгӯи хидматрасониҳо дар он дигаргунаанд.
Бо пахши ҳар яке аз ин тугмаҳо метавон хидматрасониҳои коммуналиро онлайн пардохт кард.
Дар КВД ХМК бошад, ҷорӣ кардани пардохти онлайниро дар “Амонатбонк” ваъда карда буданд. Аз се номгӯйи хизматрасонии дар “Амонат-мобайл” зикршуда то имрӯз танҳо як равзанааш “пур” шудааст, ки он хизматрасонӣ барои баровардани партовҳост.
Ҳамин тавр, дар ҳоли ҳозир (то 20-уми августи соли 2024) бо пахши тугмаи “Пардохтҳо” ва сипас “Хизматрасониҳои коммуналӣ” дар замимаи мобилии “Амонат-онлайн” ва интихоби КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, дар экрани шумо равзанаи нав бо рӯйхати дигар - оби нӯшокӣ ва обпарто (канализатсия), оби нӯшокӣ барои деҳот ва баровардани партовҳо пайдо мешавад. Бо пахши тугмаи “баровардани партовҳо” шумо ба рӯйхати шаҳру ноҳияҳо мегузаред, ки дар он метавон бо интихоби ноҳия ё шаҳри худ ҳаққи баровардани партовро пардохт кард.
Дар умум, тавассути ин равзана метавон ҳаққи ин хидматрасониро дар 54 шаҳру навоҳии зертобеи КВД ХМК пардохт кард.
Дар ду равзанаи дигар бошад (оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов (канализатсия) ва оби нӯшокии деҳот), то ҳол маълумоте нест.
Хабари мазкурро дар “Амонатбонк” низ тасдиқ карданд. Ба иттилои манбаъ, хидматрасониҳои дигари коммуналиро метавон дар шуъбаҳои “Амонатбонк” тавассути POS-терминалҳо пардохт кард.
“Айни ҳол, ҳамгироии технология ва мутобиқкунии номгӯи хизматрасониҳо ва ҷараёни ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ байни иштирокчиён идома дорад. Бароҳмонии пардохтҳои дигари коммуналӣ тариқи ғайринақдӣ дар ҷараёни коркард аст. Ҳамгироӣ ба итмом расад, ҳамааш фаъол мегардад. Шояд то охири моҳ ин пардохтҳо дар “Амонат-мобайл” ҳам пайдо шаванд”, - гуфтанд дар маркази матбуотии “Амонатбонк”.
Ба иттилои Ориф Толибов, мутахассиси ширкати “Низоми муосир”, пардохтҳои боқимонда ҳам бояд ба наздикӣ тариқи онлайн ба роҳ монда шаванд.
“Вале ин аллакай дар салоҳияти мо нест. Кори мо ба анҷом расид”, - шарҳ дод Толибов.
Ҳамчунин, дар ширкати “Низоми муосир” илова намуданд, ки “ба наздикӣ пардохти маблағи хидматрасониҳои коммуналӣ тавассути дигар бонкҳои кишвар низ имконпазир мегардад”. Ба гуфтаи Ориф Толибов, дар ин робита аллакай ба Бонки миллии Тоҷикистон мактуб ирсол шудааст.
Як моҳи қаблан ваъдашуда дар корхона барои гузариши пурра ба низоми пардохти ғайринақдӣ қариб ба итмом мерасад, вале то ҳол танҳо нисфи кор иҷро шудааст.
Ёдовар мешавем, ки бо фармони Президент аз 1-уми августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд ва тамоми ниҳоду корхонаҳои давлатӣ бояд ба низоми пардохти ғаринақдӣ гузаранд.
«Говорить о литературе – значит говорить о жизни всего мира». Памяти Масуда Муллоджанова
«Адрасман» ждет инвестора: нужно вложить $100 миллионов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 3 ноября 2024 года
Мумтоз, Шайнак, Казак и Ачик-дона из Таджикистана. А вам какой гранат нравится?
Харрис и Трамп: такими вы их никогда не видели
Эмомали Рахмон направил телеграмму соболезнования Королю Испании. Там в наводнениях гибнут люди
COUNTER STRIKE и GTA, говорят, заставляют совершать преступления. На самом ли деле это так?
Университеты Китая, обучение в которых считается престижным
В Томске мигрант выбросил российский паспорт из-за необходимости встать на воинский учет
«Город – не «Тигровая балка». Кто и зачем вырубает деревья на проспекте Рудаки в Душанбе?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста