Дар вилояти Суғд давоми соли гузашта 439 сӯхтор рух додааст, ки дар натиҷа 4 кас фавтида, зарари молии расида наздикӣ 9,5 млн сомониро ташкил додааст. Дар ин бора Баҳромҷон Бобоҷонзода, масъули Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилоят ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Номбурда гуфт, дар натиҷаи ин сӯхторҳо ҳамчунин 6 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Шумораи фавти сокинон дар пайи ҳодисаҳои сӯхтор дар соли гузашта ҳам 4 нафар ва шумораи ҷароҳатбардоштагон 7 кас буд.
Инчунин дар натиҷаи сӯхторҳо дар соли гузашта назики 9,4 млн сомонӣ зарари моддӣ расидааст.
“Таҳлилҳо нишон дод, ки сабабу омилҳои асосии сӯхтор беэҳтиётии сокинон нисбати истифодаи таҷҳизоти барқӣ, печҳои худсохт, газ, расиши кӯтоҳи барқ, таҷҳизоти оташдонҳо, рафтори беэҳтиётона бо оташ мебошад”-гуфт Баҳромҷон Бобоҷонзода.
Номбурда аз шаҳрвандон даъват кард, ки дар истифодаи асбобҳои барқӣ эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя кунанд ва пеш аз ба кор баромадан таҷҳизоти барқиро хомӯш кунанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 дар вилояти Суғд 460 сӯхтор рух дода, 4 нафар ҳалок ва 7 тани дигар захмӣ шуда буданд. Хосороти сӯхтор беш аз 20 миллион сомонӣ ва маблағи эминмонда 30 миллион сомонӣ гуфта мешуд.
Ҳамасола дар кишвар садҳо ҳодисаи нохӯши сухтор рух медиҳад, ки дар натиҷаи он чанд нафар ба ҳалокат расида, молу ашёи зиёди мардум ба коми оташ меравад. Мақомот аксаран сабаби сӯхторро расиши сим ё аз беэҳтиётии худи сокинон унвон мекунанд.
Фермерам Таджикистана выделяют 133 миллиона сомони: Увеличить производство мяса, яиц, рыбы и меда
Чехия предлагает ЕС купить «Радио Свобода», которое потеряло финансирование США
Будет ли в Таджикистане отменен энерголимит на Навруз?
Human Rights Watch призывает Россию осудить ксенофобию и защитить права мигрантов
Таджикистан поддержит компании с российским капиталом
Израиль возобновил удары по объектам ХАМАС в секторе Газа
Россия и Таджикистан в режиме онлайн будут делиться информацией о преступниках
Боксер Усмонов остается непобежденным: теперь от его рук пострадал узбекистанец
Переговоры президентов Таджикистана и России: О чем договорились Рахмон и Путин?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 18 марта 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста