Имрӯз дар Театри давлатии драмавии ба номи С.Айнӣ бо иштироки ду шоири шаҳири тоҷик - Фарзонаи Хуҷандӣ ва Толиб Карими Озарахш маҳфили “Ҳумоюн” доир гардид. Дар маҳфил ҳаводорони шеъри ноб, шоирону нависандагон, донишмандону адабпажӯҳон, ҳунармандону ҳофизони номвар ва пайвандону дӯстдорони шеър ба ҳам омаданд.
Дар толори театр, ҳатто ошёнаи дуюм ҷойе барои нишастан набуд ва дар роҳравҳо курсиҳои иловагӣ гузошта, меҳмононро ҷо мекарданд. Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг ба маҳфил ҳусни оғоз бахшида, шоиронро ба саҳна даъват кард ва мухлисон бо кафкӯбиҳои пурмавҷ шоиронро истиқбол гирифтанд.
Фарзона ва Озарахш, ки тоза аз Эрон баргаштаанд, нахуст аз пазироии гарми дӯстдорони шеъраш изҳори сипос намуда, аз муҳаббату эҳтироми мардуми Эрон нисбати халқи тоҷик гуфтанд.
Фарзона гуфт, “вақте 33 сол пеш дар Эрон будему номи тоҷикро мегирифтем, бо чашми таҳайюр менигаристанд ва кам одаме буд, ки номи тоҷику Тоҷикистонро шунида бошад, вале имрӯз вақте тоҷик мегӯем, чашми мардуми ҳамзабони мо медурахшад”.
Ҳамчунин, шоир аз сафари 12 сол пешаш ба Душанбе, ки ҳамроҳи писараш Ҳумоюн, писари ҷавонмарге, ки соле қабл дунёро падруд гуфту ин маҳфил низ ба номи ӯст, қисса кард. Ӯ нақл кард, ки дар ин сафар рӯзе ӯро ба ин театр (Тетари опера ва балет) овард, рӯзе, ки намоише ба саҳна гузошта намешуд.
“Инҷоро ба Ҳумоюнҷон нишон додаму гуфтам, ки Худованд хоста бошад, рӯзгоре мешавад, ки ин ҷо маҳфилу суҳбатҳо баргузор мекунӣ. Он вақт албатта орзуи мо комилан дигар буд. Нақшаи мо дигару нақшаи боло дигар аст”, - бо таассуф нақл кард ӯ.
Озарахш ва Фарзона бори дигар аз муҳаббату посдории ёди фарзандашон аз ҳозирин миннатдорӣ карданд. Маҳфил бо иҷрои таронаи Озарахш аз ҷониби Хосияти Зарафшонӣ идома ёфт.
Баъдан Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон вақте ба сухан омада, ба пур будани толор ишора ва ба ин далел, маҳбубият доштани ин ду шоирро бори дигар таъкид кард.
“Агар шеъру шоир асил аст, ҳамеша ва дар ҳама ҷо хонанда дорад. Пур будани толор далели он аст, ки чӣ андоза ин ду шоир дар дили мову шумо ва тамоми форсизабонон маҳбубияти беназир доранд”, - изҳор дошт ӯ.

Муҳаммад Ғоиб, шоири маъруфи тоҷик низ аз шеъри Озарахшу Фарзона васф карда, гуфт, эшон аз ҷумлае шоиронеанд, ки “заҳмати бисёр мекашанд, ҷон мекананд ва барои рӯсурхии халқу миллат хуни ҷигар мешаванд. Ин аст, ки қадрашон мекунанд.”
Махсусан ба шеъри нафиси Фарзона ишора карда, далели инро мутолиаи зиёди ӯ унвон дод.
“Фарзона дар шеър табъи хуб дорад. Дар ҳар чизе ки менависад, як паҳлӯи тоза, як ширинӣ ва оҳанги дигар меёбад, зеро мутолиаи бисёр дорад. Ӯ ба ҳар сухан тобиши наву вижа медиҳад, ки ин ҳунари баланд аст”, - таъкид кард ӯ.
Ҳамчунин, аз нигоштаҳои Озарахш таъриф карда, аз ҷониби сарояндагон истиқбол гардидани шеъри ӯву маъруфият пайдо кардани шеърҳои ӯро дар оҳангҳои сарояндагон махсус ишора кард.
Фарзона ва Озарахш ба рамзи рӯнамоии китобҳои “Ба баҳонаи баҳорон” ва “Сетор”, ки чанде пеш дар Эрон нашр гардиду гулчини ғазалҳои ин ду шоирро фаро мегирад, аввалин нусхаҳои онро ба Аскар Ҳаким ва Муҳаммад Ғоиб тақдим намуданд.
Дар идома, Афзалшоҳ Шодиев аз ашъори ин ду шоир чанд тарона суруд ва пайванди эҷодии худро ба шеъри Озарахш махсус таъкид кард.
Озарахш ва Фарзона дар давоми маҳфил шеърҳои марғуби худро қироат карда, қиссаҳои ҷолиби зиндагии худро, ки ба шеъру адабиёту бузургони миллат пайванд доранд, нақл карданд.
Дар идома, ҳаводорону шогирдонашон рӯйи саҳна омада, аз бузургии ин ду шоиру шеъри онҳо мегуфтанду шеърҳояшонро қироат мекарданд.
Бояд гуфт, ки ин маҳфил аз шумори кам маҳфилҳое буд, ки толор аз меҳмонон пур буду ҳатто баъди анҷоми расмии маҳфил соате гирди шоиронро тарк накарданд.
Ёдовар мешавем, ки муассисони маҳфили “Ҳумоюн” шоирон Озарахш ва Фарзона буда, аксаран он дар навоҳиии гуногуни Суғд доир мешавад.




Хлопушки снова взрываются. Напоминаем, какое наказание за их ввоз предусмотрено в Таджикистане
В Таджикистане усилят контроль над водопользованием
Милиция Душанбе раскрыла серию краж из автомобилей
Искусство как бизнес. Как сын таджикского художника превратил картины отца в успешный проект
Глава Минкультуры Казахстана прокомментировала уголовные дела против руководителей КазТАГ и Orda.kz
Форум «Цифровой театр»: в Душанбе показали, как бороться с цифровым насилием
Три таджикских специалиста прошли обучение в Академии Международной федерации дзюдо
«Эсхата Банк» запустил сервис переводов на карты UnionPay в Китае
В душанбинском цирке впервые выступят артисты из Италии
Редактор «Азия-Плюс» стал лауреатом премии «За активную гражданскую позицию в журналистике»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста