Рӯзи 11-уми июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Пориси Фаронса ба муносибати 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ намоиши ҷашнӣ, Конфронси илмии байналмилалӣ таҳти унвони “700 сол бо Ҳофиз” ва барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми шашмақом” баргузор гардид.
Вазорати фарҳанг мегӯяд, ки дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ ва Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон нусхаҳои дастнавис ва китобҳои чопи сангии "Девон"-и Ҳофизи Шерозӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Ҳамчунин, намунаҳои ҳунари хушнависӣ ва асарҳои санъати миниётурнигории Олимҷон Комилзода, рассом-миниётурнигори тоҷик ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Гуфта мешавад, намунаҳои гуногуни ҳунарҳои қадимаи миллӣ, чун сӯзаниҳо, атласу адрас, мисгарӣ, кандакории рӯйи чӯб, кунда ва дигар мероси фарҳангӣ ҷузъе аз намоишгоҳи мазкур аст.
Дар конфронси илмии байналмилалии “700 сол бо Ҳофиз” Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон, чанде аз олимону пажуҳишгарони тоҷик дар бораи нақши Ҳофиз дар адабиёти ҷаҳон суханронӣ карданд.
Дар барномаи фарҳангии “Шоми шашмақом” ансамбли давлатии “Шашмақом”-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов таҳти роҳбарии Фурқат Саидзода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ансамбли рақсии “Гулрез”, инчуқнин чанде аз ҳунарманджони дигар иштирок кардаанд.
Дар барномаи фарҳангии “Шоми шашмақом” Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанг ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ширкат кардаанд.
Вазири корҳои хориҷии кишвар дар баромади худ гуфтааст, ки “баргузории чунин чорабиниҳо дар сатҳи байналмилалӣ на танҳо василаи муаррифии ҳунари миллист, балки саҳми арзандае дар таҳкими муколамаи байнифарҳангӣ мебошад”.
Ҷашнвораи байналмилалии “700 сол бо Ҳофиз”, ки дирӯз дар Фаронса оғоз шуд, то 14-уми июн давом мекунад, доир шудааст.




Нулевой километр, стела Татариновой и турецкие часы
В Таджикистане с 2026 года увеличатся штрафы за правонарушения. Даем полный расклад
Карточки для чайников: зачем нужны ледники и почему они тают?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 14 декабря 2025 года
Хозяин гор. Как тяньшанский бурый медведь выживает в Таджикистане?
Легионер сборной Таджикистана Абдулмажид Кудиев стал чемпионом Ирана
«На аукцион никто не пришел». Известная чайхана «Харбуза» в Гиссаре снова не нашла покупателя
На лошади и с биноклем. Как Сафарби – единственная женщина-лесник в Таджикистане – охраняет «Даштиджум»
По инициативе Таджикистана Генассамблея ООН объявила 2027-й Международным годом правовой грамотности
Huawei представляет Mate X7 и линейку новых инновационных устройств
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста