Бонкҳои Тоҷикистон ба сармоя аз хориҷи кишвар ниёз доранд, то ки барои ба соҳибкорони маҳаллӣ пешниҳjl кардани қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат имконият пайдо кунанд.
Соҳибкорони тоҷик аз дастнорас будани қарзҳои дарозмуҳлати бонкӣ шикоят дошта, ғайриимкон будани пешбурди тиҷорати худ аз ҳисоби қарзҳои кӯтоҳмуҳлат бо фоизҳои баландро зикр мекунанд.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ қодир набудани бонкҳои ҷумҳурӣ ба пешниҳоди қарзхои дилхоҳи тоҷирон дар шароити ҳозираро эътироф мекунад.
«Бо вуҷуди афзоиши ҳаҷми пешниҳоди қарзҳо ба соҳибкорон аз ҷониби бонкҳо, як мушкил вуҷуд дорад: бонкҳо алҳол танҳо ба пешниҳоди қарзҳои кӯтоҳмуҳлат имкон доранд», - иброз дошт Икромӣ рӯзи 30 ноябр дар Душанбе зимни кори симпозиум дар мавзӯи «Сиёсати сармоягузории Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо».
Мушкилоти мазкурро муовини раиси Бонки миллӣ ба он марбут медонад, ки воситаҳои аз ҷониби худи бонкҳо ҷалбшуда кӯтоҳмуҳлат мебошанд. «Мувофиқи таҳлилҳо, муҳлати ҳудуди 80%-и амонатҳои аҳолӣ то 1 солро ташкил медиҳад ва мутаносибан бонкҳо танҳо қарзҳои кӯтоҳмуҳлат пешниҳод карда метавонанд», - шарҳ дод ӯ.
Икромӣ зарурати тақвияти корҳо дар самти дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории соҳибкорон дар давраи дарозмуҳлат ва бо имтиёзҳоро зикр карда, таъкид дошт, ки бо ин мақсад баҳри ҷалби сармояи хориҷӣ ва байнулмилалӣ тадбирҳо андешида шуда, қонунгузорӣ дар баробари шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ғайрирезидентҳо ҳам имкон фароҳам овардааст, ки бар асоси баробарӣ амалиёти бонкиро дар қаламрави кишвар роҳандозӣ намоянд.
Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки айни замон аз 18 бонки Тоҷикистон 7-тои онҳо бо иштироки сармояи байнулмилалӣ фаъолият доранд. Аз ҷумла дар низоми бонкии Тоҷикистон сармояи Бонки исломии рушд (6,1 млн. $), Бонки рушди Чин (20 млн. $), Бонки осиёгии рушд (3,6 млн. $) ва Бонки аврупоии таҷдиду руш (58 млн. $) ҳузур доранд.