Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон бинобар сабаби коҳиши ҳаҷми воридоти маҳсулот, соли гузашта аз уҳдаи иҷрои нақшаи ҷамъоварии боҷҳои гумрукӣ набаромад.
«Соли гузашта аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатии Тоҷикистон 3,8 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки аз нақшаи пешбинишуда ба андозаи 9,6% ё худ 407 млн. сомонӣ (ҳудуди 52 млн. доллари ИМА) камтар аст», - гуфт зимни нишасти хабарӣ дар ин робита муовини аввали сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Абдураҳмон Каримзода.
Иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии боҷҳои гумрукӣ дар соли гузаштаро Каримзода дар навбати аввал ба камшавии ҳаҷми воридоти маҳсулот марбут медонад.
«Ҳамчунин боз як қатор омилҳои дигаре низ мавҷуданд, ки ба иҷрои нақшаи ҷамъоварии боҷҳои гумрукӣ таъсири манфӣ расониданд, - қайд кард муовини аввали сардори Хадамот. - Аз ҷумлаи онҳо метавон коҳиши маҳсулотеро номбар кард, ки истеҳсоли онҳо аллакай дар дохили худи ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст (семент, қолинҳо, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти кишоварзӣ, орд ва ғайра)».
Ғайр аз ин, зикр кард ӯ, ба коҳиши ҷамъоварии маблағи боҷҳои гумрукӣ ҳамчунин фаъолияти мавсимии гузаргоҳи марзии «Қулма» дар марзи Тоҷикистону Чин низ таъсир мерасонад, ки дар мавсими зимистон кор намекунад.
«Ба қатори омилҳои манфии таъсиргузор дар ин самт аз қочоқи маҳсулот ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Қирғизистон, мушкилоти марбут ба интиқоли маҳсулот ба ҷумҳурӣ тариқи қаламрави Афғонистон бар асари ноамнии вазъ дар ин кишвар ва ҳамчунин тарифҳои баланди транзитӣ (бахусус тавассути роҳи оҳан) дар Ӯзбекистон низ метавон ном бурд», - илова кард Каримзода.
Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, соли 2016 ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба Тоҷикистон каме бештар аз 3 млрд. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2015 ба миқдори 11,8% ё худ 404 млн. доллар камтар аст.