Қарзи умумии ШСХК «Барқи тоҷик» ба 13,7 млрд. сомонӣ (беш аз 1,7 млрд. доллар) расида, ҳамин тариқ, ба ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон, ки 2,3 млрд. долларро ташкил медиҳад, наздик мешавад.

«Қарзҳои «Барқи тоҷик» бидуни назардошти қарзҳои аз ҷониби Вазорати молия ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши гидроэнергетика 2,7 млрд. сомониро ташкил медиҳанд, - гуфт зимни нишасти хабарӣ сардори Сарраёсати молияи ширкат Рустам Маҷидзода. - Ширкат бештар аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» (ҳудуди 655 млн. сомонӣ), нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» (беш аз 458 млн. сомонӣ) ва мақомоти андоз (194 млн. сомонӣ) қарздор аст».

Қобили зикр аст, ки ширкати «Барқи тоҷик» аз нерӯгоҳҳо барқ харида, онро ба истеъмолгарони худ интиқол медиҳад. Ҳар як киловатти барқи дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» истеҳсолшударо ширкат бо арзиши 20,1 дирам ва «Сангтӯда-2»-ро бо нархи 25,6 дирам дастрас менамояд. Дар ҳамин ҳол, тарифи миёнаи барқ дар Тоҷикистон 24,6 дирамро ташкил медиҳад.

«Айни замон қарзи «Барқи тоҷик» дар маҷмӯъ ба 13,7 млрд. доллар расида, маблағи қарзҳои ҷалбшуда барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 11 млрд. сомониро ташкил медиҳанд, ки ин қарзҳо дарозмуҳлат ва ба муддати 25 сол дода шудаанд», - илова кард Маҷидзода.