Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон бар ин назар аст, ки аз ситонидани андоз аз сервисҳое чун Google, Apple, Microsoft, Facebook, eBay, Aliexpress, Yahoo ва ғайра воридоти маблағҳои иловагӣ ба буҷет ба таври назаррас зиёд мешавад.
«Вақти он расидааст, ки барои танзими тамоми амалҳое, ки тариқи интернет анҷом дода мешаванд, тадбирҳои зарурӣ андешид. Ба қонунгузорӣ тағйирот лозим аст, ки дар он пардохти ААИ барои ширкатҳои хориҷии машғул ба пешниҳоди хизматгузории электронӣ ба шахсони воқеӣ пешбинӣ шуда бошад», - қайд мешавад дар номаи раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ба унвони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ин нома, ки дар ихтиёри «Азия-Плюс» қарор гирифт, Давлатзода пешниҳод мекунад, ки аз ширкатҳои хориҷии машғул ба пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ дар мисоли Русия, ки «Google» ва боз 100 ширкати байнулмилалии дигар андоз пардохт мекунанд», низ андоз ситонида шавад.
Ба гуфтаи Давлатзода, «тӯли се моҳи соли ҷорӣ аз андози сервисҳои Google, Apple, Microsoft, Facebook, eBay, Aliexpress, Yahoo, Bing ва ғайра ба буҷети Русия 2 млрд. рубл маблағ ворид шудааст».
Нусратулло Давлатзода зикр мекунад, ки «бахши электронии фаъолият дар Тоҷикистон зери назорат қарор надорад».
«Дар ҳамин ҳол, одамон тариқи интернет билетҳои ҳавопаймоӣ, бозиву китобҳо мехаранд, пешакӣ меҳмонхона фармоиш медиҳанд, вале бинобар сабаби номукаммал будани қонунгузории мо, андозбандии ин амалҳо ғайриимкон аст», - қайд кардааст ӯ ва сомонаҳое чун mango.tj, volna.tj, megamag.tj, duexpress.tj ба сифати мисол овардааст.
Дар мактуб ҳамчунин қайд мешавад, ки «дар натиҷаи истифодаи зангҳои NGN айни замон даромад аз андозҳои алоқаи овозии байнулмилалӣ кам шуда, мардум аз мессенҷерҳое ба монанди Wechat, Viber, OK, VK истифода мебаранд ва аз ин рӯ, назорати ин сервисҳо, афзоиши арзиши истифода аз онҳо ва ба ин васила зиёд кардани воридоти маблағ ба буҷет зарур аст».
Ғайр аз ин, дар нома доир ба интиқоли маблағҳо ба минтақаҳои оффшорӣ низ сухан рафта, раиси Кумита бозбинии созишнома бо 32 кишвари ҷаҳон дар бораи пешгирии андозбандии дукаратаро пешниҳод менамояд.
Ҳамчунин Давлатзода боло бардуни арзиши «гирифтани иҷозатнома барои фаъолият»-ро пешниҳод намуда, зикр мекунад, ки айни замон барои гирифтани он пардохти 500 сомонӣ маблағ лозим аст.
«Нархи қатъи фаъолият низ чандон баланд нест. Боли бурдани арзиши гирифтани иҷозатнома зарур мебошад, аз ҷумла барои шахсони машғул ба фаъолият дар соҳаҳои сохтмон, суғурта, таҳвилу фурӯши сӯзишворӣ, тибби хусусӣ ва ғайра», - пешниҳод кардааст раиси Кумитаи андоз.






Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
В Душанбе раскрыта серия краж из автомобилей, задержан подросток
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста