Дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” лоиҳаи сохтмони корхонаи истеҳсоли бозичаҳо барои кӯдакон (аробача, велосипед ва ғайра) ва дигар маснӯоти металливу пластмассӣ амалӣ мешавад.

Айни замон корҳои сохтмонӣ дар коргоҳҳои истеҳсолӣ ба охир расида, корҳои нақшу пардозу ороишӣ ва бунёди зербинои иншооту ободонии қаламрави корхона ҷараён дорад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти МОИ “Суғд”.

Дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои фаъолияти корхона аз Эрону Чин оварда шуда, ба ҷуз бозичаҳои барои кӯдакон, дар корхона ҳамчунин истеҳсоли асбобу лавозимоти маишӣ ва рӯзгор, аз қабили ҳавотозакунак (вентилятор), қисмҳои гуногуни эҳтиётии пластмассӣ барои автомобилҳо ва технкаи маишӣ низ ба роҳ монда мешавад.

1/4

Ба таври озмоишӣ ҳаҷми солонаи истеҳсолот 48 ҳазор адад маснӯотро ташкил медиҳад. Баъди пурра мавриди истифода қарор додани истеҳсолот афзоиши ҳаҷми истеҳсол ба нақша гирифта шудааст.

Ҳаҷми сармоягузорӣ барои сохтмони иншоот наздики 14 млн. сомониро ташкил дода, қисмати асосии маҳсулот ҷиаҳти содирот ба Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Афғонистон нигаронида мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи пурра амалисозии лоиҳаи мазкур беш аз 150 нафар соҳиби ҷойҳои корӣ мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.