Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши амалҳои коррупсионӣ байни кормандони Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук нигаронӣ изҳор намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронии имрӯза, 10 май дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар президент қайд кард, ки тайи даҳ соли охир аз ҷониби кормандони ин мақомот беш аз 700 қонунвайронкунӣ, ҷинояти коррупсионӣ ва ҷинояти иқтисодии хусусияти коррупсионидошта содир карда шудааст, ки аз нисф зиёди онҳо бо суиистифода ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, сохтакорӣ ва гирифтани пора вобастагӣ доранд.
Ба гуфтаи ӯ, қисми бештари камбудиҳои ошкоршуда кам ҳисоб кардани маблағ ва рӯйпӯш намудани андозу пардохтҳои ҳатмӣ мебошад.
Сарвари давлат таъкид дошт, ки дар ин давра аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук 190 миллион сомонӣ маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ ошкор карда шудааст.
“Дар даҳ соли охир аз 45 миллион сомонӣ зарари молиявии аз ҷониби Агентӣ дар низоми молияи кишвар ошкоршуда 39 миллион ба шуъбаҳои хазинадории мақомоти молия дар маҳалҳо ва аз 119 миллион сомонӣ зарарӣ молиявии дар низоми андози кишвар ошкоршуда 118 миллион сомонӣ ба раёсатҳо ва нозироти андоз дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо рост меояд, ки ин хеле ташвишовар аст”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи президент, агар соли 2009 дар зерсохторҳои Кумитаи андоз ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуда бошад, пас танҳо соли 2018 ин маблағ 27 миллион сомониро ташкил кардааст.
“Дар давраи зикршуда нисбат ба 500 нафар кормандони соҳаҳои молия, андоз ва гумрук чораҳои ҷазои интизомӣ татбиқ гардида, 57 нафар аз вазифа озод карда шудаанд”, - иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Бо дарназардошти вазъи зикргардида, президент ба роҳбарони Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук супориш дод, ки дар самти интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар ҳамаи зинаҳо чораҳои қатъӣ андешанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Царский хорунжий, белый есаул, красный комкор. Кем был таджикистанский генерал Шапкин?
ООН создаст в Алматы центр по развитию Центразии и Афганистана
Международная коалиция по защите правозащитников осудила приговор таджикской журналистке Рухшоне Хакимовой
Таджикистан и Россия договорились расширить сотрудничество в аграрном секторе
В Узбекистане действуют более 310 предприятий с таджикским капиталом
В Краснодаре на улице обнаружили тело 17-летнего гражданина Таджикистана
5 доступных солнечных технологий, которые стоят меньше $300
Молодежные активисты, студенты и школьники-отличники будут получать стипендию мэра Душанбе
Лига арабских государств предложила план восстановления Газы на $53 млрд
В Свердловской области разгорается спор из-за предоставления жилья семье из Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста