Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни мулоқот бо президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ санаи 2 июн дар Теҳрон аз ӯ имкони истифодаи бандари Чобаҳорро барои транзити молҳои Тоҷикистон дархост намудааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории эронии IRNA.

Президенти Эрон қайд кардааст, ки бандари Чобаҳор хатсайри бештар қулай ва бехатар барои таҳвили молҳои Тоҷикистон шуда метавонад.

Гуфта мешавад, бандари аз лиҳози стратегӣ муҳими Чобаҳор воқеъ дар ҷанубу шарқи Эрон хароҷоти содироти молу маҳсулотро аз Тоҷикистон кам мекунад.

Президент Рӯҳонӣ ҳамчунин гуфтааст, Эрон ҷиҳати кумаки муҳандисиву техникӣ ба Тоҷикистон барои амалисозии лоиҳаҳо дар Тоҷикистон омода аст.

Қаблан зикр гардида буд, ки бандари эронии Чобаҳорро ба ҳалқа (марказ, хаб)-и бузурги транзии Авруосиё табдил доданианд.

Шартнома дар бораи ба таври муштарак рушд додани бандари Чобаҳор байни Эрону Ҳиндустон моҳи майи соли 2015 ба имзо расида буд.

Интизорӣ мерафт, ки ин бандар сарбории бандари асосии Эрон - Бандар-Аббосро оид ба интиқоли нафт ва маводи кимиёвӣ камтар мекунад. Дар идома оид ба ин масъала боз якчанд созишномаи дигар ба имзо расид. Ҳамин тариқ, моҳи майи соли 2016 Эрон, Ҳиндустон ва Афғонистон дар Теҳрон созишномаи сеҷониба имзо расониданд, ки ба се кишвар ҷиҳати ифтитоҳи хатсайрҳои нав барои пайваст байни ҳам тариқи табдили бандари Чобаҳор ба ҳалқаи транзитӣ бидуни иштироки (убури) Покистон имкон дод.

Охири соли 2016 сарвазири Ҳинудстон Нарендра Модӣ изҳор намуд, ки Ҳиндустон ҳамроҳ бо Тоҷикистон ният доранд, ки ҳамлу нақли молу маҳсулот ва тиҷорат дар бандари Чобаҳорро густариш диҳанд.

Ин изҳорот пас аз он садо дод, ки Покистон маротибаи навбатӣ  ба Ҳиндустон додани дастрасӣ ба Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро ҷиҳати савдо ва тиҷорат рад кард.

Коршиносон қайд мекунанд, ки минбаъд бандари Чобаҳор тариқи роҳи оҳани мавриди сохтмон қарордоштаи Чобаҳор - Зоҳидон ва шохаи шарқии роҳи оҳани долони “Шимол-Ҷануб” - “Қазоқистон-Туркманистон-Эрон”, ки аллакай ба таври кофӣ пурсамар фаъолият мекунад, метавонад бо низоми нақлиётии Каспий пайваст шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.