Корхонаи пешсафи истеҳсоли тиллои Тоҷикистон - корхонаи муштараки “Зарафшон”-и Тоҷикистону Чин, ки ҳудуди 70% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли тилло дар кишвар ба он рост меояд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ зимни воридоти молу маҳсулот, техника ва таҷҳизоти муайян озод карда шуд.
Рӯйхати иборат аз 244 номгӯи молу маҳсулот, техника ва таҷҳизот бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ аз 13 июли соли равон маъқул дониста шудааст. Он дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашр шудааст.
Ҳаҷми умумии маблағе, ки буҷети кишвар дар натиҷаи додани чунин имтиёзҳо аз он маҳрум мешавад, зикр нашудааст, лекин шумор ва номгӯи молу маҳсулот бозгӯи он аст, ки ин маблағ кам нест.
Дар қарор гуфта мешавад, имтиёзҳои мазкур дар доираи созишнома байни ҳукумат ва КМ “Зарафшон” дар бораи коркарди комплексии кони “Тарор”, “Ҷилав” ва сохтмони корхонаи металлургии истихроҷи коомлексии тилло ва мис дода шудааст.
Конҳои “Тарор” ва “Ҷилав” бузургтарин конҳои тиллодори Тоҷикистон маҳсуб мешаванд, ки дар 44-километрии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҷойгир шудаанд.
Созишнома байни тарафҳо 12 декабри соли гузашта ба имзо расид. Дар назар аст, ки сохтмони корхона дар муддати ду сол ба охир расида, охири соли 2023 ба истифода дода шавад.
Корхона уҳдадор мешавад, ки барои коркарди комплексии конҳо ва сохтмони корхона давра ба давра 117 млн доллар маблағгузорӣ кунад. Созишнома дар муддати 10 сол аз рӯзи ба имзо расиданаш амал мекунад.
Коршиносони мустақил чандин маротиба даъват карданд, ки ба таҷрибаи унвонӣ (ҷудогона) додани имтиёзҳо хотима дода шавад, зеро онҳо ба рақобати солим дар ин ё он бозор монеъа эҷод мекунанд.
Қобили зикр аст, ки зиёда аз 70%-и тиллои дар Тоҷикистон истеҳсолшуда ба корхонаи муштараки “Зарафшон” рост меояд. Корхона моҳи сентябри соли 1994 дар заминаи собиқ Комбинати маъдани тиллои Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Бастаи назоратии саҳмияҳои корхона аввал ба ширкати бритониёии «Commonwealth & British Mineral Ltd» тааллуқ дошт. Моҳи июли соли 2007 бастаи назоратӣ (75%)-ро ширкати истихроҷи тиллои «ZiJin Mining Group Co.Ltd»-и Чин харида, 25%-и саҳмияҳо ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон мебошанд.
В Таджикистане начался прием заявок на учебу за рубежом. Какие документы необходимо собрать?
Парламент Абхазии отказался от ратификации инвестиционного соглашения с Россией
«Озоди»: Недалеко от Душанбе рухнул беспилотник
Талибы заявили о начале строительства афганского участка газопровода ТАПИ
Глава СПЧ России: «Нам не нужны люди, которые создают в городах кишлаки»
Как в Таджикистане дискриминируют женщин с инвалидностью
В Конгрессе США заявили о лабораторном происхождении коронавируса
В Кыргызстане планируют запретить использование мобильных телефонов в школах и вузах. А что в Таджикистане?
США ввели санкции против трех бывших узбекских чиновников за насилие над воспитанницами детдома
Президент Ирана встретится с Путиным для обсуждения ситуации в Сирии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста