Аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 содироти маҳсулоти саноатӣ аз Тоҷикистон кам шуда, интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ баръакс, зиёд шуд. Дар ин бора имрӯз, 14 феврал дар нишасти матбуотии Агении содирот хабар доданд.
Содироти маҳсулоти саноатӣ кам шуд
Соли 2022 аз Тоҷикистон ба маблағи 2 млрд 88 млн доллар маҳсулоти саноатӣ содир карда шудааст, ки 1,2% камтар аз соли пешин аст.
Ба гуфтаи директори Агентӣ Баҳриддин Сироҷиддинзода, ҳиссаи асосии содироти маҳсулоти саноатиро маъдану консентрат - 34,1%, металл ва сангҳои гаронбаҳо - 24,7%, нахи пахта - 9,1%, алюминии аввалия - 7,1%, неруи барқ - 4,9% ва сурма - 4,8% ташкил додааст.
Агентӣ ду навъи маҳсулотро номбар кард, ки аз ҳама бештар дар содироти маъдан фоида овардаанд: консентрати мис - 203 млн доллар ва руҳ - 143 млн доллар.
Ба ақидаи Сироҷиддинзода, дар соли 2023 аз афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ интизорӣ меравад. Айни замон дар Тоҷикистон бозор барои содироти намак дар ҳаҷмҳои зиёд ҷустӯҷӯ шуда, сохтмони якчанд корхонаҳои коркард ва бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ дар назар аст.
Имрӯз Тоҷикистон ба зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон беш аз 500 номгӯи молу маҳсулот интиқол медиҳад.
Дархости содироти бештари сабзавоту мева аз Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол, дар муқоиса бо соли 2021 содироти маҳсулоти кишоварзӣ 48% зиёд шудааст. Маблағи умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 54 млн долларро ташкил додааст, ки ҳамагӣ 2,5% аз ҳаҷми умумии содирот аст.
Директори Агентӣ изҳор дошт, ки то манъи содироти пиёз (18 июл) ба маблағи 6,7 млн доллар ҳудуди 67 ҳазор тонна пиёз ба хориҷи кишвар содир шудааст.
Дар сохтори содироти маҳсулоти кишоварзӣ сабзавот - 40%, мева - 28% ва хушкмева - 27% афзалият доранд.
Пиёз маҳсулоти нисбатан серталаб буд, ки барои хариди он аз хориҷа пешниҳодҳо зиёдтар шуданд.
Сироҷиддинзода ҳамчунин зикр кард, ки соли 2023 талабот ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон хеле зиёд шуд.
Русия ва Қазоқистон аз Тоҷикистон хостори интиқоли миқдори хеле зиёди меваю сабзавот ҳастанд, аз ин рӯ, Агентии содирот аз корпоратсияҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дархост мекунад, ки истеҳсоли маҳсулотеро, ки дар хориҷи кишвар мавриди ниёз доранд, афзоиш диҳанд.
Ба гуфтаи ӯ, дархостҳо ба содироти пиёз, помидор, карам, меваи тару тоза ва хушк хеле зиёданд.