Бонки Осиёии Рушд (БОР) ба далели идомаи номуайянии геополитикӣ дар ҷаҳон коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2023 пешбинӣ мекунад.

Тибқи Дурнамои рушди Осиё, ки БОР имрӯз, 4-уми апрел, нашр кардааст, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар имсол 5,5% хоҳад буд. Дар соли 2022 ин нишондиҳанда 8% дарсадро ташкиш медод.

Бино ба интизории таҳлилгарони Бонки Осиёии Рушд  соли 2024 рушди иқтисодии кишвар то ба сатҳи 6,5% эҳё хоҳад шуд ва ин “аз афзоиши истихроҷи маъдан ва инчунин, низоми содаи андозбандӣ” вобаста аст.

“Рушди солҳои охир пеш аз ҳама аз ҳисоби тавсеаи саноат ва сохтмон, бахусус истихроҷи маъдан ва сармоягузории давлатӣ сурат гирифт”, -  гуфт Шанни Кэмпбелл, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон.

Ӯ таъкид кард, ки гузариш ба иқтисоди рақамӣ метавонад рушди иқтисоди Тоҷикистонро суръат бахшад, хизматрасониҳои иҷтимоиро беҳтар созад, нобаробарии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ коҳиш диҳад ва навовариҳоро ишкишоф диҳад.

“Ҳукумат барои рақамикунонӣ мусоидат мекунад, аммо бояд корҳои бештаре анҷом дода шаванд”, - гуфт намояндаи доимии БОР.

Дар шарҳи интишоркардаи ин созмон омадааст, ки алоқаи рақамии гарон монеаи асосии рушди рақамӣ дар Тоҷикистон аст.

“Кишвар аз ҷиҳати пайвастшавии фарохмаҷрои мобилӣ аз кишварҳои дигари минтақа қафо мемонад ва танҳо 44% хонаводаҳо дар соли 2021 ба он пайваст шудаанд. Танҳо сеяки аҳолӣ аз интернети мобилӣ истифода мебаранд”, - омадааст дар он.

Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон метавонад тавассути сармоягузорӣ ба соҳаи алоқа, таҷҳизот ва нармафзори мукаммалшуда ба гузариш ба иқтисоди рақамӣ мусоидат кунад ва нобаробариро коҳиш диҳад.

Он ҳамчунин муҳимияти дастгирии маъракаҳои саводнокии рақамиро, ки дар он бештар ба духтарон таваҷҷуҳ зоҳир шудааст  ва беҳтар кардани дастрасӣ ба интернет барои хонаводаҳои камбизоатро таъкид мекунад.

Таҳлилгарони БОР пешниҳод мекунанд, ки дастгирии мақсадноки рушди бахши интернет метавонад самаранок бошад.

“Ғайр аз ин, давраҳои омӯзишии барномасозӣ ва рамзгузорӣ барои ҷавонони манотиқи дурдаст метавонад дурнамои ҷойҳои кориро дар кишвар беҳтар ва муҳоҷирати меҳнатиро коҳиш диҳад”, - мегӯянд онҳо.

Ҳукумат метавонад масъалаи таъсиси марказҳои хидматрасонии давлатӣ дар саросари кишварро баррасӣ кунад, ки дар онҳо вазорату идораҳо ба як сохтори ягона муттаҳид карда шаванд, то ба корхонаҳо ва шаҳрвандон хидматҳои давлатиро самаранок ва шаффоф расонанд.

Сатҳи таваррум дар кишвар, ба гуфтаи мутахассисони Бонки Осиёии Рушд, дар соли 2023 аз 4,2 дарсади соли 2022 то 7 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.

Таҳлилгарони БОР дар соли 2024 интизор доранд, ки таваррум то 6,5% коҳиш хоҳад ёфт, зеро нархи ғизо дар ҷаҳон мӯътадил боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.