Дар як ҳафтаи охир арзиши рубли русӣ нисбат ба сомонӣ ба таври назаррас поин омад. Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз, 8-уми июл, 1000 рубл 113 сомонӣ муқаррар шудааст. Даҳ рӯз пеш он ба 120 сомонӣ баробар буд.
Бори охир қурби рубл нисбат ба сомонӣ 10-уми апрели соли 2016 то ба ин сатҳ коҳиш ёфта буд. Лекин солҳои минбаъда қурби рубл ба 140-150 сомонӣ барои 1000 рубл расид.
Гуфтан ба маврид аст, ки пас аз оғози ҷанги Русия дар Украина тағйирёбиҳои босуръати қурб оғоз шуд.
Нимаи моҳи июн рубл то нишондиҳандаи 130 сомонӣ барои 1000 рубл расида, аввали моҳи июл 1000 рубл ба 122 сомонӣ баробар шуд.
Беқурбшавии рубл нисбат ба сомонӣ ҳамзамон бо поинравии қурби он нисбат ба доллар рабт мегирад. Ба ин тариқ, тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, қурби рубл нисбат ба доллар аз 15-уми июн то ба имрӯз барои 1 доллар аз 84,32 то 96,56 рубл поин рафтааст.
Поин рафтани қурби рубл зиндагии бе ин ҳам мушкили миллионҳо сокини Тоҷикистон – хонаводаҳои муҳоҷирони дар Русия қарордоштаро печидатар кардааст.
Саида, модари чаҳор фарзанд, ба “Азия-Плюс” мегӯяд, ки бо маблағҳои интиқол медодаи шавҳараш базӯр рӯзӣ мебарад ва ҳоло ба далели тағйири қурби асъор вазъи ин хонавода боз ҳам душвор шудааст.
“Барои мо ҳар як сомонӣ аҳамияти калон дорад ва сухан дар бораи талафоти садҳо сомонӣ меравад. Акнун мо маҷбур мешавем, ки хӯроку пӯшоки худро кам кунем”, - мегӯяд ӯ.
Теъдоди чунин оилаҳо дар кишвар ба садҳо ҳазор нафар мерасад. Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, ҳадди ақал як узви 40 дарсади хонаводаҳо дар Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд.
Тибқи омори расмӣ, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1,3 миллион хонавода вуҷуд дорад.
Теъдоди муҳоҷирон бошад, дақиқ гуфта намешавад. Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша исрор меварзанд, ки теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия камтар аз 1 млн нафар аст, аммо мақмоти Русия ҳамеша даъво меоранд, ки дар ин кишвар беш аз 1 млн муҳоҷири тоҷик кор мекунанд.
Искандеркульская вахта полковника Ионова. Первой гидрометеостанции Таджикистана 95 лет
Фильм «Фуруғ» таджикского режиссера получил награду на кинофестивале в России
Чиновники Бухарской области перейдут на чрезвычайный режим работы, чтобы сократить бедность населения
Денежные переводы в Узбекистан выросли на треть в 2024 году
Саки-властелины степей на Крыше мира. Как саки пришли и спустя время ушли с Памира
Главы МИД Таджикистана и Китая обсудили договоренности лидеров двух стран
"Озоди": "Боим" экстрадирован в Таджикистан из Турции, куда уехал после 14 лет отсидки в России
Разложение мозга. Оксфордский словарь назвал слово 2024 года
Спецпредставитель ЕС: «Молодежи Таджикистана нужны образование и рабочие места»
Smartup: инновационные технологии для дистрибьюторов Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста