Сарҳади баста миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон боиси афзоиши нархи ангишт дар вилояти Суғд гардидааст. Ҳамакнун, ангишти Қирғизистон тавассути Ӯзбекистон вориди Тоҷикистон мешавад ва хараҷоти изофӣ нархро боло мебарад. Сокинон бошанд, аз афзоиши нархи ангишт дар ташвишанд ва умедворанд, ки сарҳад ҳарчи зудтар боз гардида, гардиши молу коло миёни ду кишвар барқарор мешавад ва таъсири бевоситаи манфӣ ба ҳамёни онҳо коҳиш меёбад.
Айни ҳол дар вилояти Суғд 1 кг ангишти Қирғизистон 3,5 – 3,6 сомонӣ фурӯхта мешавад. Хокаи ин ангишт 1,4 – 1,6 сомонӣ арзиш дорад. Соли гузашта, дар ин шабу рӯз, ки он замон низ сарҳад миёни ду кишвар баста буд, як килограм ангишти ҳамсоякишвар дар вилояти Суғд 2,8 сомонӣ ва хокаи он 1,5 сомонӣ нарх дошт.
Аммо пеш аз баста шудани сарҳад ангишти Қирғизистон 1,5 сомонӣ ва хокаи он 70-80 дирам барои 1 кг фурӯхта мешуд.
“Гарон шудааст, аммо чорае надорем”
Абдуҳамид Сафаров, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки барои харидории ангишт омадааст, дар суҳбат ба “Asia-Plus” гуфт, гаронии нархи ангишт эҳсосшаванда аст ва на ҳама метавонад онро ба миқдори кофӣ харидорӣ кунад.
“Арзон шавад барои халқ хуб мешавад. Шароити ҳама ҳар хел, баъзе нафарон ангишт харида наметавонад, аммо дар зимистон бе ангишт намешавад”, - гуфт Абдуҳамид Сафаров.
Гулчеҳра Азимова, сокини дигари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам аз арзиши гарони ангишт нигарон аст.
Ӯ мегӯяд, рӯз аз рӯз ангишт гарон мешавад ва ин ба зиндагии ӯ таъсир мерасонад.
“Солҳои пеш 1 кг хокаи ангишт 50 дирам буд. Баъд сол аз сол гаронтар шуд. Ҳоло он 1,4 сомонӣ шудааст. Аммо чун зарурат ҳаст, мехарем”, - мегӯяд Гулчеҳра Азимова.
Сифати хуб ангишти Қирғизистонро серхаридор
Зикр кардан зарур аст, ки дар вилояти Суғд асосан ду навъи ангишт - дохилӣ ва воридотӣ фурӯхта мешавад.
Ба қавли фурӯшандагон, хокаи ангиште, ки онҳо ба фурӯш гузоштаанд, асосан истеҳсоли ватанӣ аст ва 1,4 – 1,6 сомонӣ нарх дорад.
Ангиштсанг 3,5 – 3,6 сомонӣ нарх дорад, аммо бештар аз кишвари ҳамсояи Қирғизистон тавассути Ӯзбекистон ворид мегардад. Ва харидорон ҳам асосан ин навъи ангиштро мехаранд.
Ба қавли савдогарон, талабот ба ангишти истеҳсоли ватанӣ кам аст, ҳарчанд он нисбатан арзон ҳам бошад.
“Арзиши ангишти ватанӣ 3,1 – 3,2 сомонӣ аст, аммо талабот ба он кам мебошад”, - мегӯянд савдогарон.
Ба қавли онҳо, сабабаи камии талабот, сифати беҳтари ангишти Қирғизистон будааст.
Сарҳади баста нархро боло бурдааст
Фурӯшандагон эътироф мекунанд, ки имсол нархи ангишт нисбати солҳои пеш афзоиш ёфтааст ва инро ба баста будани сарҳад миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон рабт медиҳанд.
Исроил Исмоилов, як фурӯшандаи ангишт аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, аз сабаби баста будани сарҳад миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ангишти ҳамсокишвар тариқи Ӯзбекистон ворид мегардад ва ин ба арзиши он таъсир мерасонад.
“Ду сол пеш, вақте сарҳад миёни Тоҷикистону Қиғизистон кушода буд, нархи ангишт ҳам арзон буд. Аз сабаби он ки имрӯз роҳҳо баста асту ангишти Қирғизистон тавассути давлати Ӯзбекистон ворид мегардад, нарх боло рафтааст”, - мегӯяд Исроил Исмоилов.
Дадобой Юсупов, фурӯшандаи дигари ангишт низ таъсири баста будани сарҳадро ба нархи ангишт зикр карда, илова кард, ки ин боис шудааст, савдои ӯ суст гардад.
“Ангишти қирғиз барои нонвойхона ва тарабхонаҳо хуб аст. Ин навъи ангиштро асосан онҳо мегиранд, на ҳама мардум имрӯз шароити харидорӣ кардани ин ангиштро доранд. Агар арзон бошад, мардум зиёдтар харидорӣ мекунанд ва ин ба фоидаи мо аст”, - гуфт Дадобой Юсупов.
Бояд гуфт, ки ангишт сӯзишвории муҳим барои сокинони деҳот дар фасли зимистон ба ҳисоб меравад. Махсусан, дар ҳоле, ки ҳамасола дар аксари деҳаҳои Тоҷикистон интиқоли барқ маҳдуд мегардад, ангишт як манбаи аслии гармӣ дониста мешавад. Бо назардошти ин, ҳар сол дар фасли сармо нархи ангишт ба андозае боло меравад. Аммо дар чанд соли охир бо сабаби баста будани сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон нархи ангишт дар вилояти Суғд ба таври назаррас боло рафтааст.
Бино ба маълумоти сарраёсати Агентии давлатии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд то моҳи ноябри соли ҷорӣ дар вилоят 1 млн 256 ҳазору 60 тонна ангишт истеҳсол шудааст, ки назар ба соли гузашта 326 тонна камтар мебошад.
Дар ин давра 98 ҳазор тонна ангишт ба маблағи 2 млн 546 ҳазор доллар содир шудааст, ки 20 ҳазор тонна бештар аз соли гузашта мебошад. Воридоти ангишт бошад, 4 ҳазор тонна кам шуда, 84,8 ҳазор тоннаро ташкил додааст ва барои ин 4 млн 251 ҳазор доллар пардохт гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баъди муноқишаи марзии шадиди баҳори соли 2021 аз ҷониби Қирғизистон якҷониба баста гардид. Он замон ҷониби Қирғизистон гуфта буд, ки то ҳалли баҳси сарҳадӣ марз баста боқӣ мемонад. Тоҷикистон расман сарҳадро набастааст.
В Душанбе открыли новый ресторан «Додо Пицца»
Всемирный банк готов вложить $150 миллиардов в проекты по экологии
Где в Душанбе найти логопеда?
Афиша от «Азия-Плюс»: балет «Жизель», вечер японских мотивов и гастротур к аметистовым шахтам
В Душанбе наградили лучших женщин-госслужащих
FORMULA55 продлила контракт с двукратной обладательницей Кубка мира по боксу Мижгоной Самадовой
В Исфаре сотрудники военкомата получили 40 тысяч сомони за поддельные военные билеты
В России с 1 декабря стартует эксперимент по сдаче биометрии иностранцами при въезде в страну
Президент COP29 призвал радикально увеличить климатическое финансирование
Как исследовательница культуры из Таджикистана рассказывает миру о женской боли на войне
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста