Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гуфт, ба тарҳи сохтмони НБО “Роғун” созмонҳои байналмилалӣ аллакай таваҷҷуҳ кардаанд ва “соли равон ва оянда мо шоҳиди маблағгузории созмонҳои байналмилалӣ ба ин тарҳ мешавем”.

Ӯ аз маблағи муайяне ном набурд ва танҳо ишора кард, ки Бонки Осиёии Рушд, Бонки осиёии сармоягузории инфросохтор, Бонки Ҷаҳонӣ  ва Фонди ОПЕК барои сармоягузорӣ ба сохтмони “Роғун” таваҷҷуҳ кардаанд ва дар ин раванд гуфтугӯ идома дорад.

Раҳимзода гуфт, ҳоло аз ҳеҷ маблағи муайяне ном бурда наметавонад, чунки баррасӣ ҳоло идома дорад.

Раиси кумитаи сармоягузорӣ, аз маблағгузории Фонди рушди Саудӣ, ки барои сохтмони ин тарҳ 100 млн доллар ҷудо кард, ёдовар шуда, зикр кард, ки ҳамчунин, соли гузашта Бонки ҷаҳонӣ ҳам барои кумаки техникӣ 15 млн доллар ҷудо карда буд.

Вай афзуд, ҳоло ҳеҷ созмони байналмилалии молиявӣ маблағи муайяне барои сохтмон ҷудо накардааст. Вале бо боварӣ гуфт, ки дар ин масъала бо созмонҳову ташкилотҳои байналмлалӣ суҳбат доранд ва интизор аст барои сармоягузорӣ розӣ шаванд.

Сохтмони НБО-и Роғун то кунун танҳо аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ сурат гирифтааст. Дар соли 2023 тасмим гирифта шуд, ки барои анҷоми кор маблағҳои ниҳодҳои молии байналмилалӣ низ ҷалб карда шаванд. Сармоягузорони эҳтимолии лоиҳа Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки сармоягузории Аврупо, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Рушди АвруОсиё ва ғайра мебошанд.

Султон Раҳимзода
Asia-Plus

Тибқи иттилои Вазорати молия, аллакай созишномаҳо оид ба ҷалби қарзи имтиёзнок бо Бонки сармоягузории инфрасохтории Осиё ба маблағи 500 миллион доллар, инчунин бо Фонди рушди Саудӣ ба маблағи 100 миллион доллар ба имзо расидааст.

Аз оғози соли 2023 барои идомаи сохтмони он зиёда аз 3 млрд сомонӣ, аз ҷумла 2,6 млрд сомонӣ аз ҳисоби буҷет ва 427 млн сомонӣ аз ҳисоби фурӯши барқи дар ду агрегати ин неругоҳ истеҳсолшуда равона гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2008, замоне, ки корҳо дар иншооти неругоҳи “Роғун” барқарор шуданд, нархи он 3 млрд доллар арзёбӣ мешуд. Баъдан соли 2016 зикр шуд, ки арзиши он 3,9 млрд долларро ташкил медиҳад.

Нимаи соли 2022 Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ дар бораи зарурати ҷалби 5 млрд доллар барои анҷоми пурраи татбиқи лоиҳа хабар дод. Ҳамин тариқ, моҳи декабри соли 2023 маълум шуд, ки барои сохтмони пурраи неругоҳ 6 млрд доллар лозим аст.

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин ниҳод, ки рӯзи 1-уми феврали соли равон гуфт, барои сохтмони “Роғун” ба ҳисоби миёна ҳамасола 1 млрд доллари ИМА лозим аст ва  барои сохтмони пурраи неругоҳ 6,2 млрд доллари ИМА лозим аст.

Тибқи маълумоти ҳукумати ҷумҳурӣ, аз оғози корҳои барқароркунӣ ва идомаи сохтмон (аз соли 2008) аз буҷети кишвар ба бунёди неругоҳи “Роғун” зиёда аз 35 млрд сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Маълумотномаи “Азия-Плюс”

НБО «Роғун» аз бузургтарин лоиҳаи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, сохтмони он беш аз даҳ сол ин ҷониб идома дорад. Иқтидори муқаррашудаи он 3600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Пас аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳ, истеҳсоли барқ дар он аз 13 то 17 млрд киловатт-соат дар як солро ташкил хоҳад дод, ки тақрибан ба 65-85% аз ҳаҷми солонаи ҳамаи иқтидорҳои истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ баробар аст.

Дар толори мошинҳои неругоҳ дар маҷмуъ насби 6 агрегат ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори ҳар кадоме аз он 600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини неругоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмон дар неругоҳ соли 2033 пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.