Дар натиҷаи имтиёзу сабукиҳои пешниҳодшуда ба пардохти андоз ба ин ё он бахшу соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар дар соли 2023, ба Буҷети давлатии Тоҷикистон ҳудуди 6,1 млрд сомонӣ (зиёда аз 550 млн доллар) камтар маблағ ворид шуд. Дар ин бора Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ин ба 34,3%-и воридоти маблағ ба буҷет аз ҳисоби андозҳои дохилӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар соли гузашта баробар аст.
Соли 2023 ба буҷети кишвар аз ҳисоби андозҳои дохилӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ба ҷамъоварии он Кумитаи андоз машғул аст, зиёда аз 17,3 млрд сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки 3,8% зиёдтар аз нақшаи тасҳеҳшуда мебошад.
Раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода бар ин назар аст, ки имтиёзҳо зиёданд, лекин ба ақидаи ӯ, дар марҳилаи кунунии рушди иқтисоди кишвар онҳо лозиманд.
“Айни замон бе имтиёз ғайриимкон аст, зеро онҳо ба рушд ҳавасманд месозанд. Лекин минбаъд давра ба давра онҳоро ба тартиб даровардан зарур аст”, - изҳор намуд ӯ ба “Азия-Плюс”.
Давлатзода зикр кард, ки имтиёзҳо тибқи Кодекси андози амалкунанда наметавонанд хусусияти инфиродӣ дошта бошанд: онҳо ба бахшҳои афзалиятнок ба муҳлати на бештар аз 5 сол дода шуда, набояд аз 50%-и меъёри андоз зиёд бошанд.
Ин меъёрҳо ҳангоми таҳияи Кодекси андоз, ки аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор гирифт, бо пешниҳоди шарикони рушди ҳукумати Тоҷикистон, ки ҷараёни таҳияи Кодексро дастгирӣ кардаанд, ҷорӣ карда шудаанд.
Дар Кодекси пешина чунин маҳдудиятҳо вуҷуд надоштанд, имтиёзҳо метавонистанд ба ҳар андозсупоранда бидуни маҳдудият дода шаванд.
Қаблан намояндагони Хазинаи байнулмилалии асъор ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия доданд, ки давра ба давра аз пешниҳоди имтиёзҳои сершумори вобаста ба андоз даст кашад.
Пештар аз ин иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ тавсия дода буданд, ки тариқи коҳиши имтиёзҳо низоми андоз бозбинӣ шавад.
"Ин метавонад заминаи андозро васеъ карда, нобаробариро кам кунад", - зикр шуда буд дар Гузориши хароҷоти давлатии Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, соли 2024 дар Буҷети давлатии ҷумҳурӣ афзоиши воридоти маблағ аз ҳисоби пардохти андоз дар сатҳи 14,3% пешбинӣ шудааст.
Тибқи маълумоти Вазорати молия, ҳаҷми воридоти маблағ аз ҳисоби андозҳо дар сохтори қисмати даромади буҷети давлатӣ дар соли 2024 дар ҳаҷми 26,3 млрд сомонӣ (2,4 млрд доллар) муқаррар шудааст. Ин 3,3 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳаҷми муқарраршудаи ҳаҷми воридоти маблағ аз андоз дар буҷети соли 2023 мебошад.
Аз ҷумла, соли равон аз ҳисоби андозҳои дохилӣ ба даст овардани 1,9 млрд сомонӣ дар назар аст. Воридоти маблағ аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷми 8,4 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Из-за разлива мазута в Керченском проливе погибли более 30 дельфинов
В каких международных турнирах будут участвовать таджикские футболисты в 2025 году?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 6 января 2025 года
Как в условиях Таджикистана питаться правильно, чтобы не нагружать организм. И чтобы было недорого
Войны, преследования, переселения. Как формировалась армянская диаспора Центральной Азии
R.I.P. Кого из выдающихся людей потерял Таджикистан в 2024 году
ТОП-15 самых читаемых новостей «Азия-Плюс» за 2024 год
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 5 января 2025 года
ТОП-10 самых просматриваемых видео «Азия-Плюс» за 2024 год
А будет ли оливье, елки и снег? Медиа Kit рассказывает, как мы будем отмечать Новый год в 2050-м
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста