Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ супориш дод, ки барои пурра намудани сармояи оинномавии ҶСК "НБО Роғун" 60 млн сомонӣ (зиёда аз 5,5 млн доллар) ҷудо кунад.
Қарори дахлдори аз ҷониби ҳукумати аз 8 апрели соли равон қабулшуда имрӯз дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашр шудааст.
Дар санад зикр мешавад, ки маблағ аз Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ҷудо шуда, дар навбати худ Фонд ин маблағро аз ҳисоби бақияи суратҳисоби суди саҳмияҳои ба буҷети ҷумҳуриявии давлат воридшуда мегирад.
Маъмурияти ҶСК “НБО Роғун”истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод мекунад.
Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли равон бо қарори ҳукумат аз ин Фонд ба сохтмони неругоҳи “Роғун” 100 млн сомонӣ (зиёда аз 9,1 млн долллар) ҷудо карда шуд.
Қобили зикр аст, ки маблағҳо ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз ҳисоби барзиёд иҷро шудани қисмати даромади буҷетҳои ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ ворид мешаванд. Дар Буҷети соли 2025 муқаррар шудааст, ки 25% чунин маблағҳо ба Фонд равона карда мешаванд.
Маблағҳои ин Фонд маъмулан ба рушди соҳаи таъминот бо сӯзишворӣ ва энергетика, таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар, рушди бахшҳои иҷтимоӣ ва таъмини саривақтии баргардонидани қарзи давлатии хориҷӣ равона мешаванд.
Қаблан дар моҳи феврали соли ҷорӣ вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки ҳукумат ният дорад, ки дар давоми сол ба маблағгузории лоиҳаи НБО “Роғун” 5 млрд сомонӣ (456 млн доллар) равона созад.
Ӯ гуфт, дар назар аст, ки ҷудо гардидани 2,2 млрд сомонӣ аз ҳисоби ҷалби маблағгузорӣ аз хориҷа ва қисмати боқимонда - аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ сурат гирад.
Вазир хотиррасон намуд, ки соли гузашта аз ҳисоби буҷет равона гардидани 2,5 млрд дар назар буд, лекин ба гуфтаи ӯ, барои зиёд кардани ин маблағ то 5,2 млрд сомонӣ имкониятҳо пайдо шуданд.
Аввали моҳи феврали соли ҷорӣ Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар дод, ки барои анҷоми сохтмони НБО “Роғун” ҳамасола бояд 1 млрд доллар сарф шавад ва дар маҷмӯъ барои иҷрои комили ин тарҳ (то соли 2029) 6,2 млрд доллар лозим аст.
Бино ба маълумоти ҳукумат, аз соли 2008, замони дубоа барқарор шудани амалисозии лоиҳаи НБО “Роғун” барои идомаи сохтмони иншооти мазкур зиёда аз 40 млрд сомонӣ равона гардидааст.
Маълумотномаи “Азия-Плюс”
НБО “Роғун” аз бузургтарин лоиҳаи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, сохтмони он беш аз даҳ сол ин ҷониб идома дорад. Иқтидори муқаррашудаи он 3600 МВт-ро ташкил медиҳад.
Пас аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нерӯгоҳ, истеҳсоли барқ дар он аз 13 то 17 млрд киловатт-соат дар як солро ташкил хоҳад дод, ки тақрибан ба 65-85% аз ҳаҷми солонаи ҳамаи иқтидорҳои истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ баробар аст.
Дар толори мошинҳои неругоҳ дар маҷмуъ насби 6 агрегат ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори ҳар кадоме аз он 600 МВт-ро ташкил медиҳад.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини неругоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмон дар нерӯгоҳ соли 2033 пешбинӣ шудааст.