Кишоварзони тоҷик киштукори баҳориро дар майдони зиёда аз 395 ҳазор гектар анҷом доданд, ки ба ҳудуди 90% аз нақша баробар аст.
Тибқи пешгӯии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, ба сурати умум киштукори баҳорӣ имсол бояд дар майдони 440 ҳазору 727 гектар гузаронида шавад.
Дар Тоҷикистон мисли пешин бештар ба кишти пунбадона афзалият дода шуда, он зиёда аз 40%-и заминҳои киштро ишғол мекунад.
То 13 май дар ҷумҳурӣ дар 180 ҳазору 550 гектар пахта кишт шудааст, ки ба 97,1%-и нақша баробар аст. Кишти пунбадона ҳамагӣ дар 186 ҳазор гектар ва 432 ҳазор тонна ҳосили пахта гирифтан аз он ба нақша гирифта шудааст.
Қобили зикр аст, ки соли 2023 кишоварзони Тоҷикистон 411,9 ҳазор тонна (95,8%-и нақша) ҳосили пахта гирифтанд, ки 344,4 ҳазор тоннаи он (83,6% аз ҳосили ҷамъоваришуда) ба корхонаҳои коркарди пахта супурда шудааст.
Бо сабаби паст будани нархҳои харид фермероне, ки барои нигаҳдорӣ ҷой доранд, бо умеди болоравии нархҳо тасмим гирифтаанд, ки 16,4% аз ҳосилро бо худ нигоҳ доранд.
Корхонаҳои коркарди пахта соли гузашта ба кишоварзон барои 1 кило пахта 6-7 сомонӣ нарх пешниҳод намуданд, ки ин ба арзиши аслии маҳсулот баробар буд. Дар натиҷа аксари фермерони машғул ба пахтакорӣ зиён бардоштанд.
Тибқи ҳисобу китоби истеҳсолкунандагон, хароҷоти парвариши пахта дар майдони 1 гектар аз 15 ҳазор сомонӣ ва зиёдтар аз онро ташкил медиҳад.
Дар зинаи дуюм аз лиҳози афхалият зироатҳои ғалладона қарор дошта, дар давраи баҳор ин зироатҳо дар майдони зиёда аз 96 ҳазор гектар кишт шудаанд. Дар майдони 53 ҳазор гектар сабзавоту полезиҳо кишт шудаанд.
Картошка дар майдони 25,5 ҳазор гектар шинонида шуда, 40 ҳазор тонна гирифтани ҳосили он ба нақша гирифта шудааст.
Қобили зикр аст, ки мавсими кишти зироатҳои кишоварзӣ ҳоло идома дорад.
Ҳамзамон ҷамъоварии ҳосили зироатҳои тезпаз ё барвақтӣ низ ҷараён дорад.
Имрӯзҳо ҷамъоварии ҳосили қулфинай (клубника), гелос, зардолу, пиёз идома дошта, ба наздикӣ дар бозорҳо бодиринги мавсими имсола, картошка, сирпиёз, себҳои тезпазак, олу ба фурӯш бароварда мешаванд.
Ба сатҳи ҳосилнокии сабзавоту мева ва зироатҳо обёрӣ таъсир мерасонад, ки имсол дар баъзе минтақаҳои камбуди он эҳсос мешавад.
Пас аз боришоти зиёд идораҳои таъмини об барои таъмири ҷойҳои осебидаи ҷӯйбору каналҳо фурсат наёфта, дар натиҷа об то сари заминҳо намерасад ва ҳосили деҳқонон талаф меёбад.
«Логопед для всех таджиков». Как Мухаммаджон Шакури боролся за чистоту таджикского языка
Всё, что нужно знать о платных парковках в Душанбе: правила, оплата и штрафы
Как и на чём экономят жители Душанбе?
Путешествуйте прямыми рейсами из Душанбе в Доху вместе с Somon Air и EASYBOOKING
Власти Испании объявили трехдневный траур по жертвам наводнений
В Дарвазе запустят новую малую ГЭС
Таджикистан привлек внимание инвесторов в горно-металлургическую отрасль
К сведению водителей: в Душанбе пройдет операция «Затор на автодорогах»
«Тело стало оружием войны»: 130 женщин в Судане совершили суицид, чтобы избежать изнасилований
В Худжанде расследуют дело о пытках задержанного со стороны четырех милиционеров
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста