Дар соли 2024 содироти меваи хуч аз Тоҷикистон ба таври назаррас афзуда, дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 1300 тонна ин мева ба хориҷи кишвар интиқол ёфтааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 97 тонна зиёдтар мебошад. Дар ин бора Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Дар Вазорат зикр кардаанд, ки Тоҷикистон фаъолона майдони боғоти парвариши хучро зиёд мекунад. Соли 2023 Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати ҷумҳурӣ 150 гектар майдони нави боғоти хуч бунёд кардааст, ки ҳамасола аз 1 гектари он аз 4 то 8 тонна ҳосил гирифта мешавад. Ин оғози барномаи бузургмиқёси васеъ кардани боғоти парвариши меваи хуч аст.

Дар доираи Барномаи миллии “Кишвари сабз” барои солҳои 2023-2027 бунёди боғоти иловагӣ дар минатқаҳои гуногуни кишвар ба нақша гирифта шудааст. Мувофиқи барнома, дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон зиёда аз 400 гектар боғоти хуч бунёд мешавад. Дар назар аст, ки тавсеъаи истеҳсол натанҳо иқтидори содиротии кишварро зиёд мекунад, балки ба беҳбуди вазъи экологӣ низ мусоидат хоҳад кард.

Илова бар ин, дар Тоҷикистон бунёди парваришгоҳҳои махсус барои парвариш ва нашъунамои тухмии меваи хуч идома дорад. Парваришгоҳҳо дар Ноҳияҳои Панҷу Фархор ва Хуросону Данғара бунёд мешаванд, ки дар онҳо парвариши 250 ҳазор бех ниҳоли хуч дар як сол пешбинӣ шудааст.

Имсол корҳо дар парваришгоҳҳои хоҷагии ҷангали ноҳияҳои Ваҳдат, Варзоб, Рашт, Зафароод ва Ромит оғоз гардида, корҳои селексионӣ (интихоб) ва беҳбуди сифати маҳсулот идома дода мешаванд. Солҳои охир дар Тоҷикистон навъҳои нави меваи хуч пайдо шуданд, ки ба бемориҳову зараррасонҳо нисбатан тобоваранд ва ба устувории ҳосилнокӣ мусоидат мекунанд.

Ин тадбирҳо ба рушду таҳкими бахши кишоварзии Тоҷикистон, беҳбуди вазъи экологӣ ва зиёдшавии захираҳои ҷангал равона шудаанд, ки дар навбати худ ба афзоиши содирот ва фароҳам сохатни ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки бари шинонидани хуч дар 1 гектар аз 2,3 ҳазор то 6 бех ниҳол лозим аст. Дар сурати роҳандозии корҳои пурсамари агротехникӣ, ҳосили меваи тару тозаи хуч ба ҳисоби миёна 50-60 сентнер ва хушкмевваш - 15-20 сентнер аз 1 гектарро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.