Дар зарфи 5 моҳи аввали соли 2025 ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон зиёда аз 3,91 млрд долларро ташкил дод, ки каме бештар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Афзоиш аз ҳисоби воридот таъмин шудааст: мисли пешин кишвар нисбат ба фурӯш зиёдтар харид мекунад. Фарқият байни воридот ва содирот ба зиёдшавӣ идома дода, ба зиёда аз 2,3 млрд доллар баробар шуд.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, тайи 5 моҳ ҳаҷми содирот ба андозаи 13% коҳиш ёфта, 776,2 млн долларо ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридот 6% афзуда, ба 3,14 млрд доллар расидааст.

Дар савдо бо ҳамсоякишварҳо аз минатқа - Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои ИДМ ҳаҷми умумии гардиши савдо ба андозаи 5,5% афзудааст.

Аммо ҳаҷми содирот ба ин кишварҳо қариб 25% поин рафтаааст, зеро миқдори харидҳо зиёд шудааст.

Тавозуни манфӣ бештар дар савдо бо Русия ифода меёбад: нисбат ба фурӯш харид ба таври назаррас зиёд аст.

Бо Қазоқистон низ вазъият чунин аст. Танҳо савдо бо Ӯзбекистон нисбатан мутавозин буда, нисбат ба дигар кишварҳои ҳамсоя ҳаҷми содирот ба ин давлат зиёдтар аст.

Бо кишварҳои хориҷи дур, аз ҷумла Чин, Туркия, Эрон, Нидерланд ва дигар кишварҳо ҳаҷми муомилоти молу маҳсулот 1,5% коҳиш ёфтааст. Ҳаҷми содирот қариб 9% кам шуда, дар ҳамин ҳол, воридот афзудааст.

Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон Чин боқӣ монда, лекин дар ин ҷо низ тавозун манфӣ аст. Миёни намунаҳои хеле ками мусбат метавон муносибатҳо бо Нидерландро мисол овард, ки Тоҷикистон нисбат ба воридот бештар содир мекунад.

Маҳсулоти асосие, ки Тоҷикистон ба хориҷи кишвар мефурӯшад, тиллои коркардношуда боқӣ мемонад. Қисмати зиёди воридоти асъор аз ҳисоби интиқоли он сурат мегирад.

Ғайр аз тилло, алюминиии хом, маъдан ва консентратҳои сурбу руҳ, нахи пахта, нерӯи барқ ва семент низ аз ҷумлаи маҳсулоти асосии содиротӣ маҳсуб меёбанд.

Шаш категорияи зикршуда қисмати зиёди ҳамаи молу маҳсулоти содиротии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Чӣ ворид мекунем?

Ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, маводу дорувории тиббӣ ва техникаи гуногун ворид карда мешаванд.

Маҳсулоте, ки нисбатан бештар оварда мешавад, гандум мебошад. Қариб ҳамаи он аз Қазоқистон ворид мегардад.

Дар ҷойи дуюм маводу дорувории тиббӣ қарор дорад, ки ба миқдори зиёд харида мешавад.

Ҳамчунин маҳсулоти нафтӣ, аз қабили бензин ва сӯзишвории дизелӣ низ зиёд оварда мешаванд. Ин маҳсулот асосан аз Русия ва Ӯзбекистон ворид мешаванд.

Мошину автомобилҳо, орду равғани растанӣ, фулузоти сиёҳ, гази моеъ ва биринҷ низ аз ҷумлаи маҳсулоте мебошанд, ки нисбатан зиёд ба Тоҷикистон оварда мешаванд.

Ҳафтгонаи аввал (ТОП-7)-и шарикони тиҷоратии Тоҷикистон (январ-майи соли 2025):

Чин — $964,1 млн (содирот: $177,5 млн, воридот: $786,7 млн)

Русия — $899,5 млн (содирот: $41,7 млн, воридот: $857,9 млн)

Қазоқистон — $481,4 млн (содирот: $31,3 млн, воридот: $450,1 млн)

Ӯзбекистон — $274,3 млн (содирот: $81,2 млн, воридот: $193,0 млн)

Нидерланд — $228,7 млн (содирот: $218,7 млн, воридот: $10,0 млн)

Эрон — $187,9 млн (содирот: $45,5 млн, воридот: $142,4 млн)

Туркия — $186,7 млн (содирот: $111,7 млн, воридот: $74,9 млн).

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.