Сарбози Гвардияи милии Тоҷикистон, ки аз вилояти Суғд ба хизмат даъват шудааст, шаби гузашта ҷойи хизмати ҳарбиро тарк кардааст. Ӯ автомати Калашниковро бо тирҳояш бо худ гирифтааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод.

Кормандони сохторҳои қудратии шаҳри Турсунзода, ҳамчунин гурӯҳҳои пурзӯршудаи кормандони сохторҳои қудратӣ дарҳол ба ҷустуҷӯи сарбози фирорнамуда пардохта, дар ҳамаи роҳҳои даромаду баромад аз шаҳр посгоҳҳои БДА гузошта шуданд.

Субҳи имрӯз сарбози фирории Гвардияи миллии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳри Турсунзода боздошт шуда, ба қисми ҳарбӣ баргардонида шудааст.

Дар бораи ному насаб ва сабабҳое, ки ӯро ба ин амал водор кардаанд, маълумот дода нашуд. Прокуратураи ҳарбӣ ин ҳодисаро мавриди санҷиш қарор додааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, сарбоз замони дар фирор қарор доштанаш ҳеҷ гуна қонуншиканӣ содир накардааст.

Қобили зикр аст, ки Гвардияи миллии Тоҷикистон соли 1995 дар заминаи бригадаи таъиноти махсуси ВКД таъсис дода шуд. Он замон ин воҳидро Гвардияи президентӣ ном мебурданд. Соли 2004 ба Гвардияи миллӣ табдили ном кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.