Суди шаҳри Колчугинои вилояти Владимирски Русия нисбати шаҳрванди Тоҷикистон Мавзуна Мазориеваи 19-сола, ки барои даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти ифротгароӣ тариқи Интернет маҳкум шудааст, айбнома содир намуд. Ба сифати ҷазо суд ӯро дар ҳаҷми 100 ҳазор рубл ҷарима бастааст.
Тавре дар ин робита дар сомонаи расмии Прокуратураи вилояти Владимирск иттилоъ дода мешавад, зимни тафтишот муайян карда шудааст, ки аз моҳи июни соли 2015 шаҳрванди Тоҷикистон Мазориева ба макони иқомати муваққатӣ ба шаҳри Колчугинои вилояти мазкур омада, таҳти таъсири маводи иттилоотӣ дар шабакаи Интернет ба афкори исломи тундгаро моил ва нисбати дигар афроде, ки аз ислом пуштибонӣ надоштаанд, ҳисси нафрату адоват пайдо кардааст.
Қайд мешавад, ки дар шабакаи иттилоотиву коммуникатсионӣ ӯ бо маълумоти гуногуни дорои мавқеи ифротгароӣ шинос шуда, дар ҷараёни он қасди содир намудани ҷинояти марбут ба даъватҳои оммавӣ ба амалисозии фаъолияти ифротгароӣ ба вуҷуд омадааст.
Санаи 12 августи соли ҷорӣ зимни қарор доштан дар макони иқомати муваққатӣ, Мавзуна дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» бо сабти номи «Асмаа на пути Аллаха (Замужем)» (Асмаа дар роҳ ба сӯи Аллоҳ (Оиладор) саҳифаи шахсии худро боз намудааст.
«Бо истифода аз телефони ҳамроҳ (мобилӣ)-и ба Интернет васлшуда ӯ дар саҳифаи худ сабти видеоии кушода барои дастрасӣ дар шакли сухангӯиро гузоштааст, ки дар он мафҳумҳои дорои даъват ба содир намудани амалҳои зӯроварона нисбат ба гурӯҳи шахсон аз рӯи аломатҳои мазҳабӣ ҷой доштаанд», - зикр мегардад дар маълумот.
Буррата, рикотта, страчателла. В Душанбе открылся знаменитый ресторан «Сыроварня»
В Подмосковье задержали многодетную мать из Таджикистана, получившую сертификат на жилье
В Кыргызстане запретили использовать религиозные термины в названиях юрлиц
В МВД России предупредили о новой вредоносной рассылке в Telegram
Потребительская уверенность в Таджикистане: инфляция и колебания курса сомони снизили настроения населения в 2024 году
«Вавилон» и «Рахш Такси» стали победителями Кубка FORMULA55 памяти Александра Кирсанова
О месте силы, талантах и будущем: Почему «Азия-Плюс» остается №1 на медиарынке Таджикистана
В Таджикистане через 30 лет простоя заработала лаборатория гидравлики
В Казахстане заявили об отличии опубликованной расшифровки переговоров AZAL от записей черных ящиков
Итоги акции от «Душанбе Сити Банк» и Visa подведены: все победители объявлены
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста