Роҳбари дастаи ҳозирҷавобону зарофатгӯён (КВН)-и Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов бо сабаби зиёни молӣ ба давлат дар ҳаҷми 300 ҳазор сомонӣ аз боздоштгоҳ раҳо нашудааст.
Тавре сарёвари прокурори вилояти Суғд Гулчеҳра Ғоибназарова дар ин робита иттилоъ дод, ин пулҳоро ӯ дуздидааст.
Хайрулло Мирсаидов айни замон дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ шуда, озодии ӯро аз боздоштгоҳ намояндаи ҳимояи ӯ ва наздикону хешовандонаш дархост кардаанд.
Бино ба маълуомти мақомоти тафтишот, Мирсаидов ба воситаи камомад дар харҷ ё азхудкунӣ 300 ҳазор сомониро дуздидааст. «Барои аз ҳабс раҳо шуданаш дар ҷараёни тафтишот, ӯро лозим буд, ки ин маблағро баргардонад, вале Мирсаидов пулро пардохт накарда, мутаносибан озод карданаш рад шуд», - қайд кард Ғоибназарова.
«Маблағи дуздӣ шояд зиёдтар бошад, чунки нахуст ҳамин миқдор маблағ ошкор шуда, лекин дар ҷараёни санҷиши минбаъдаи ҳисоботҳои фаъолияти Мирсаидов маълум шуда истодааст, ки маблағ хеле зиёдтар аст», - зикр кард номбурда ва илова намуд, ки бо анҷоми санҷиш маблағи саҳеҳ муайян хоҳад шуд.
Ёдрас мекунем, ки Хайрулло Мирсаидов санаи 5 декабр аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт ва санаи 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ - «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Қаблан дар маркази матбуоти прокуратураи вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» сабаби мутобиқи моддаи 189, қ. 1, банди «г» (барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ) ба Мирсаидов пешниҳод шудани айбномаро шарҳ дода натавониста, зикр карданд, ки «ин сирри тафтишот аст» ва ҷузъиёти он баъдтар ифшо хоҳад шуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Бензин в Таджикистане – самый дорогой в Центральной Азии
Более 58% детей мигрантов в РФ показали хорошее знание русского языка – исследование
Путин: «Ситуация с курсом рубля под контролем, оснований для паники нет»
Президент Грузии вышла на протест против приостановления переговоров о вступлении в ЕС
Сборная Таджикистана поднялась в рейтинге ФИФА
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 29 ноября 2024 года
Как в Таджикистане дискриминируют беременных женщин
Что сказал Эмомали Рахмон коллегам по ОДКБ?
Путин на заседании ОДКБ объявил о начале серийного производства «Орешника»
Завершилась акция «VISA Direct» Банка Эсхата: кто стал обладателем «iPhone 15»?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста