Муҳлати тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати журналист ва роҳбари дастаи «Сборная КВН Таджикистана» Хайрулло Мирсаидов боз ду моҳи дигар - то июни соли ҷорӣ дароз шуд.

Ӯ айни замон дар таввқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд қарор дошта, 5 апрел муҳлати чормоҳаи боздошти пешакаии ӯ бояд ба итмом мерасид.

«Бо дархости прокурор бо мақсади тафтиши мукаммал ва ва воқеъбинонаи парванда муҳлати тафтиш бори дигар ду моҳ дароз шуд. Барои мо ҳоло вақт лозим аст», - хабар дод ба «Азия-Плюс» сарёвари проурори вилояти Суғд Гулчеҳра Ғоибназарова.

«Мо то ҳол ба дархостамон, ки прокуратураи вилояти Суғд ба унвони раҳбарияти Ҳаракати байнулмилалии КВН дар Маскав дар мавриди ин парванда фиристода буд, посух нагирифтаем ва аз ин рӯ, дароз кардани муҳлат зарур омад», - гуфт номбурда.

Қаблан Ғоибназарова ба «Азия-Плюс» изҳор намуда буд, ки дарвоқеъ ҳам дар доираи тафтиши парвандаи журналист ва роҳбари дастаи «Сборная КВН Таджикистана» Хайрулло Мирсаидов прокуратура ба раҳбарияти КВН дархост фиристодааст.

«Лекин ман гуфта наметавонам, ки дархост бо кадом масъала ирсол шудааст, чунки тафтишот ҳоло идома дорад ва ин метавонад ҷараёни онро халадор созад. Дархост барои маълум кардани баъзе ҳолатҳо фиристода шуд», - гуфта буд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли гузашта Хайрулло Мирсаидов ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо дархости таваҷҷуҳ ба мушкилоти дастаи ҳозирҷавобон дар натиҷаи «фасодзадгии мансабдорони вилояти Суғд» муроҷиат кард.

Қаблан Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) бори дигар аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки хабарнигори мустақил ва раҳбари тими ҳозирҷавобон ё КВН-и Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидовро аз маҳбас озод кунанд.

Аввали моҳи феврали соли равон бо дархости прокурор «бо мақсади тафтиши пурра ва воқеъбинонаи парванда», муҳлати тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати Хайрулло Мирсаидов боз ду моҳи дигар дароз шуд.

Хайрулло Мирсаидов санаи 5 декабр аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт ва санаи 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ - «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.