Тафтиши парвандаи журналист ва роҳбари дастаи «Сборная КВН Таджикистана» Хайрулло Мирсаидов ба анҷом расид. Пагоҳ он ба суд ирсол мегардад.
«Баррасии парвнадаи ҷиноӣ нисбати Хайрулло Мирсаидов ба итмом расида, айни замон он дар зинаи назоратӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Дар назар аст, ки пагоҳ парванда ба баррасии суд ирсол шавад», - хабар дод ба «Азия-Плюс» сарёвари проурори вилояти Суғд Гулчеҳра Ғоибназарова, вале аз ифшои ҷузъиёти дигари масъала худдорӣ варзид.
Парвандаи ҷиноии Мирсаидов мавриди тафтиши прокуратураи вилояти Суғд қарор гирифт. Аз 5 декабри соли гузашта ӯ дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад. Муҳлати боздошт пешакии ӯ ду маротиба дароз карда шуд.
Моҳи ноябри соли гузашта Хайрулло Мирсаидов ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо дархости таваҷҷуҳ ба мушкилоти дастаи ҳозирҷавобон дар натиҷаи «фасодзадгии мансабдорони вилояти Суғд» муроҷиат кард.
Ёдрас мекунем, ки Хайрулло Мирсаидов санаи 5 декабр аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт ва санаи 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ - «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.