Сарбози Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон Мансур Наврӯзов барои куштори лейтенант Муносиб Олимбеков ба 10 соли зиндон маҳкум гардид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз прокуратураи ҳарбии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳукми суди ҳарбии гарнизони Хоруғ 25 феврал содир гардид. Марзбон барои куштори лейтенант Муносиб Олимбеков ва кӯшиши убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистону Афғонистон гунаҳкор дониста шуд.

Ҳодисае, ки бо куштори афсар анҷом ёфт, 7 декабри соли гузашта дар дидбонгоҳи марзии наздики шаҳри Хоруғ рух додааст. Лейтинант Муносиб Олимбеков, муовини сардори дидбонгоҳи марзӣ, аз захми чанд тири парондаи сарбози 19-сола Наврӯзов ба ҳалокат расид.

Сарбоз Мансур Наврӯзов дар ҷараёни мурофиаи судӣ гуфтааст, ки муноқиша байни ӯ ва афсар барои телефони мобилӣ сар задааст.

«Лейтенант Олимбеков телефони дастии маро гирифта ба рӯям шаллоқ зад. Ман ба ғазаб омада, ӯро парронидам», - гуфт сарбоз.

Пас аз куштори афсар, Наврӯзов кӯшиши убури ғайриқонунии сарҳади Афғонистонро кардааст, аммо ҳамхизматҳояш ӯро барои бозгашт ба дидбонгоҳ моил кардаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.