Барои риоя накардани меъёру қоидаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ дар вилояти Суғд нисбат ба масъулон ва кормандони соҳаи тиб 11 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Дар ин бора имрӯз, 7-уми апрел прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов зимни баргузории маҷлиси васеи ҳайати мушовараи прокуратураи вилоят оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи аввали соли равон маълумот дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи тандурустӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура зери назорати қатъӣ гирифта шуда, диққати асосӣ ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, хусусан, коронавируси Covid-19 ва таъмини муассисаҳои тиббӣ бо маводи муҳофизатӣ аз ин беморӣ равона шудааст.
“Зимни санҷиш ҳолатҳои аз тарафи табибон ва дигар кормандони соҳаи тиб риоя накардани меъёру қоидаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ, санитарию эпидемиологӣ ва номатлуб иҷро кардани вазифаҳои хизматии касбӣ ошкор шуданд. Аз натиҷаи санҷишҳо баҳри бартараф кардани қонунвайронкунӣ дар асоси 23 пешниҳод 58 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 11 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Хушбахтона, то имрӯз ҳолатҳои сироят ёфтани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҳар яки мо баҳри гирифтор нашудан ба бемории коронавирус бояд тадбирҳои зурурӣ андешем”, - изҳор дошт прокурори вилояти Суғд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар ин давра ба мақомоти прокуратураи вилоят 2592 муроҷиат ворид шудааст. Кормандони додситонӣ 765 адади онҳоро баррасӣ ва 168-тояшро қонеъ кардаанд.
Дар асоси тафтиши пешакӣ ва даъвоҳои прокурорӣ 72,2 млн сомонӣ зарари моддӣ барқарор шудааст, ки аз он 25,8 млн сомонӣ ба манфиати буҷет мебошад.
“Назорат дар самти иҷрои қонунгузории замин пурзӯр карда шуд. Аз натиҷаи санҷишҳо 48 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, 4072,2 гектар қитъаи замини худсарона ишғолшуда ба ҳолати аввала баргадонида, ба 112 адад қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба ҷудо кардани қитъаи замин эътироз оварда шудааст”, - афзуд Ҳабибулло Воҳидов.
Бино ба иттилои прокуратураи вилояти Суғд, сатҳи ҷинояткорӣ дар шимоли Тоҷикистон назар ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст. Дар семоҳаи аввали соли 2020 ҳамагӣ 1991 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 231 адад ё 10,4% кам мебошад. Ҳамзамон кушодашавии ҷиноятҳо 91,7%-ро ташкил медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Душанбе стартовали предновогодние ярмарки с продуктами по сниженным ценам
Кто они – новые заместители Эмомали Рахмона в НДПТ?
УМВД: В компьютерном центре в Душанбе подростки употребляли наркотики
Президент Грузии Саломе Зурабишвили отказалась уходить с поста и потребовала назначить новые выборы парламента
Трамп: «Правительство США будет признавать только два пола – мужской и женский»
Таджикские дзюдоисты завоевали медали на международном турнире Russian Judo Tour
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 23 декабря 2024 года
Где заказать торт на Новый год в Душанбе и Худжанде?
Как ухаживать за волосами зимой? Важные советы от таджикского специалиста
Государственный бюджет Таджикистана на 2025 год. Подробно
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста