Додситонии кулли Тоҷикистон барои пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо сохтори нав - “Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо” ташкил карда, ҳафтаи гузашта бо баргузории як машғулият онро ба кормандони худ муаррифӣ кардааст.
Дар ин бора сомонаи Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ба навиштаи манбаъ, сохтори нав бо баргузории машғулиятҳои назариявию амалӣ ба кормандони Додситонии кул муаррифӣ карда шудааст.
Дар машғулиятҳо, аз ҷумла зарурати таъсис, мазмун ва моҳияти Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо шарҳ дода шудааст.
Ҳамчунин, дар ин машғулиятҳо самтҳои асосии фаъолият, вазифа, принсип ва ваколатҳои Марказ, бақайдгирӣ ва систематизатсияи парвандаҳои ҷиноятии экстремистӣ, террористӣ ва киберҷиноятҳо, таҳлил ва тадқиқот дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм, пешгирии паҳншавии маводу иттилооти экстремистӣ дар фазои интернет, вазифа ва ваколатҳо дар самти пешгирии киберҷиноятҳо, таҳлилу ҷамъбасти ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта, мониторинг, арзёбӣ ва пешгӯии таҳдидҳои ин зуҳурот шарҳ дода шудааст.
Ба ин машғулиятҳо ҳамчунин, ҷалби ёрдамчиёни додситонҳои шаҳри Душанбе, ВМКБ ва ноҳияҳои онҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҳарбии гарнизонҳои Душанбе ва Рашт, нақлиёти Тоҷикистон ва назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.
«Манчестер Сити» купит узбекского футболиста за рекордную сумму
Global Firepower: Таджикская армия остается самой слабой в Центральной Азии
Франция и Таджикистан: укрепление связей продолжится и в 2025 году
Папа может! Что такое вовлеченное отцовство и почему важно, чтобы оно было в Таджикистане?
Иранская компания планирует производить лифты в Душанбе
В Лос-Анджелесе число жертв пожаров достигло 10 человек
В МВД России отметили снижение количества совершенных мигрантами преступлений
Как выбрать первое авто для начинающего водителя: практическое руководство
«Наши ценности не зависят от выборов в США». Дуров «уколол» Цукерберга
В Армении запустили процесс вступления в Евросоюз. В Москве напомнили о членстве страны в ЕАЭС
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста