Кумитаи тафтишоти Русия ба Додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав муроҷиат намуда, дархост кардааст, ки боз 3 нафар айбдоршавандагон ба ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” ба ҳабс гирифта шаванд. Дар ин бора ба хабаргузории РИА Новости аз ин додгоҳ хабар додаанд.

Тавре ки аз маводи парванда бармеояд, айбдоршавандагон - ду бародар ва падари онҳо - Аминҷон, Диловар ва Исроил Исломовҳо мебошанд.

Нақши бевоситаи ҳар кадоме аз гумонбаршавандагон ҳанӯз дақиқан маълум нест.


Ба навиштаи “Новая газета Европа”, яке аз айбдоршавандагон - соҳиби охирини автомашинаи “Рено” будааст, ки тариқи он гунаҳкорони ҳамлаи террористӣ мехостанд пинҳон шаванд.


Худи ӯ иддао дорад, ки мошинро "тақрибан як ҳафта пеш" ба бародари ҳамсараш фурӯхтааст.

Бояд гуфт, ки рӯзи 23-юми март Хадамоти федералии амният (ФСБ)-и Русия аз боздошти 11 нафар бо иттиҳоми анҷоми ҳамлаи террористӣ хабар дод.

Аз ин шумор, ба гуфтаи тафтишот, чаҳор нафар - Далерҷон Мирзоев, Саидакрами Раҷабализода, Муҳаммадсобир Файзов ва Шамсиддин Фаридунӣ - бевосита айбдоршавандагон ба ҳамлаи террористӣ гумонбар дониста мешаванд.

Онҳо шоми 24-уми март ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.  Дар бораи кӣ будани 7 гумонбарони дигар хабар дода нашуда буд.

Тибқи маълумоти Кумитаи тафтишот то 24 март, бар асари ҳамла террористӣ ба толори консертии “Корокус Сити Холл” 137 нафар (тибқи маълумоти ғайрирасмии Baza - 144 нафар) ҳалок шуданд.

Ба иттилои Вазорати тандурустии вилояти Маскав 182 нафар осеб дида, 97 кас пас аз амали террористӣ дар беморхонаҳо қарор доранд.

КҲФ Русия / AP / Scanpix / LETA

“Дар Крокус Сити Холл” изҳор доштаанд, ки ҳангоми амали террористӣ 5 ҳазор нафарро аз бино берун бароварда, кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулода ҳудуди 100 нафарро наҷот додаанд.

Ҳоло дақиқан маълум нест, ки дар ин рӯз дар толори “Крокус” ҳамагӣ чанд нафар ҳузур доштанд. Толори тамошобинон 6200 ҷойи нишаст дорад ва бо назардошти толори рақс, он ба сурати умум барои 7233 нафар пешбинӣ шудааст. Намояндагони гурӯҳи “Пикник” гуфтаанд, ҳамон рӯз ба консерти онҳо ҳамаи билетҳо фурӯхта шуда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.