Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон акнун нафароне, ки ба назди фолбину ҷодугар мераванд, ба мақомот даъват карда, баъди тартиб додани мавод бо аксҳояшон дар махзани ВКД мегузорад. Дар ин бора сомонаи ин ниҳод хабар медиҳад.
ВКД мегӯяд, ин тасмим бо мақсади пешгирии қонуншиканиҳо дар самти фолбиниву ҷодугарӣ аст.
Ин ниҳод дар як изҳорот гуфт, "танҳо дар як моҳи охир зиёда аз 150 нафар чунин ашхос (онҳое, ки ба назди фолбину ҷодугар рафтаанд, муаллиф) ба қайди Вазорати корҳои дохилӣ ворид гашта, нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида шуда истодааст”.
Мақомоти корҳои дохилии кишвар нигаронӣ кардааст, ки “баъзе шаҳрвандон ба сеҳру ҷоду бовар намуда, ба назди фолбинону ҷодугарон рафта, барои амалӣ намудани амалҳои ҷинояткоронаи онҳо маблағ дода, ба гуфтаи онҳо боварӣ намуда истодаанд”.
Сабти номи нафраоне, ки пеши фолбину ҷодугар меравнад дар ҳолест, ки чанд моҳи охир “шикор”-и фолбину ҷодугар дар кишвар якбора авҷ гирифта, ҳамчунин, дар асоси қонун ҷазо барои ин кор пурзуртар шуд.
Аз аввали сол то моҳи август танҳо дар Душанбе бо иттиҳоми фолбиниву ҷодугарӣ 141 нафар ва дар Хатлон қариб 70 нафар боздошт ва аксарашон ҷарима шудаанд.
Қаблан, ВКД хабар дода буд, ки дар Тоҷикистон ҷодугарон, муллоҳои тӯмору таштобдиҳанда ва шахсони ба таълими ғайриқонунии динӣ машғулро рӯйхат мекунанд ва онҳоеро, ки бо мардумфиребӣ зиндагиашонро пеш мебаранд, то 6 моҳ ҷазои меҳнатии маҷбурӣ таҳдид мекунад.
Зимнан, мувофиқи тағйироти нав, ки ба моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон аз 21 июни соли ҷорӣ ворид шудаанд, барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ нисбати шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз таъин карда мешавад.
Илова бар ин, ба моддаи 240-и Кодекси ҷиноятии кишвар моддаи банди нав ворид карда шуд, ки тибқи он дар сурати такроран содир кардани ин кирдорҳо дар давоми як сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ, нисбати фолбинҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Онҳоро ҷарима ба андозаи аз 1500 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол таҳдид мекунад.
Ба ин нигоҳ накарда мардум аз хидмати фолбину ҷодугарон истифода мекунанд. Чаро? - дар маводи мо хонед.
Два взгляда на сериал «Переходный возраст»: что говорят специалисты Центральной Азии о подростках и диалоге
В Тегеране пройдет заседание совместной комиссии Таджикистана и Ирана по торгово-экономическому и культурному сотрудничеству
В Москве ушла из жизни Людмила Шотемур
США пригрозили Китаю пошлинами до 245%
Экономике Таджикистана предрекают замедление роста из-за сокращения денег мигрантов
ICT WEEK 2025: Душанбе стал центром технологического будущего Таджикистана
Какое место может занять Центральная Азия на рынке критически важных минералов?
От токсичного дыма к менее вредным альтернативам: как мир борется с курением
Байден раскритиковал Трампа, ни разу не назвав его по имени
В Дангаре успешно провели первую операцию по трансплантации печени
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста